• Аз муаллиф

    Салом, дӯстони шиносу ношиноси ман. Зиндагӣ бо дидору сӯҳбатҳояш ширин аст. Ман аз ин дуриҳо гармии нафаси шуморо эҳсос мекунам ва агар бо навиштаҳои худ заррае ба дили шумо гармӣ биёрам, худро хушбахт меҳисобам. Зеро аминам, ки рисолати эҷодкор ва умуман ҳар фарди соҳибдил дар байни инсонҳо ин дили касеро ба зиндагӣ гарм намудан, ба кошонае нур овардан, пайроҳаеро бо нигоҳи худ рушан кардан, пораеро дарбеҳ намудан аст. Барои ман инсони аз ҳама олӣ он нафарест, ки дарди дили дигареро эҳсос мекунад ва то аз дасташ омадан – бо қалам, бо сухан, ҳатто бо нигоҳи гарму пур аз меҳр - барои зудуда шудани он дард заррае ҳисса мегузорад. Нависандаи бузурге дар хусуси эҷодиёт ва рисолати қаламкашӣ андеша ронда, гуфтааст: Мо бояд пеш аз ҳама дилро фаромӯш накунем! Мавлавии бузург низ фармуда, ки пас забони ҳамдилӣ ин дигар аст, ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Боқӣ Худо нигаҳбони мову шумо.
  • Асарҳо

  • Рубрики

  • Июль 2022
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Нишона

Дилкашолӣ

(Ҳикоя)

Ӯро падараш оқ карда буд.  Аммо худ ба гӯшаш нашунидааст ин вожаи шумро, мардум чунин овоза карда буданд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби ҳизбӣ ба як ҳамсабақи кӯҳистониаш  гапашон ба ҳам печиду ӯ дил бохт ва баъди анҷоми таҳсил дасти ману домони ту гӯён бе иҷозати волидайн ба зодгоҳи он мард  рафт. Аз як шаҳри обод ба рустои фарози кӯҳи баланд афтод.  Он вақт ҷавон, замираш лабрез аз ишқу умеду ҳавас, пур аз орзу буд.  Дунё ба назараш ба сад ранг ҷилва мекард, дар оғӯши гарми дилдодааш чун дар батни модар беғаму ғусса дар баҳри беканори бахту иқбол шино дошт. Кам ёди зодгоҳ мекард, волидайну хоҳару додараконашро пазмон намешуд. Танҳо ба хотири аз бедарак шуданаш алағда нашаванду пурсуҷӯ накунанд, ба хоҳараш Наврӯз кӯтоҳ номае навишт ба ин мазмун: дур аз онҳо сиҳату саломат дар кӯҳистон хушу хурсанд аст, аз вай хотирашон ҷамъ бошад…

Рӯзҳо паи ҳам мегузаштанд ва баъди никоҳи шаръию дасту дил супурдан аз қаблан зан доштани дӯстдоштааш хабар ёфт ӯ. Акнун як кунҷи дилаш хиҷил буд, ғам хона гузошт дар он ва кам-кам ҳузн тавлид гашт дар қалбаш. Аммо кор аз кор гузашта буд кайҳо ва дигар ба ҷуз дар худ мондану токат кардан чорае надошт, зеро пулҳои роҳи бозгаштро барои худ сӯхта буд вай.  Дигар соатҳои танҳоӣ аз ояндааш меандешид ва ҳавои  онро дигар соф намедид. Абрпораҳое пайдо шуда буданд дар канораҳои он.  Мард чанд сол аз ӯ бузургтар буд ва дар мулоқрти нахуст гуфта буд, ки боре оиладор шудаю ба сабаби астарван будани занаш талоқи ӯро додааст. Аммо дар асл он паршикаста се духтар ёфтаву мард дар орзуи писар будааст. Касе, ҳатто зани аввал низ, аз дубора зан гирифтани мард зид набуданд. Зани якум дар назари аввал зуд ба тақдираш тан дод, мард ҳавлии калонро аз байн девор бардошту дар мағзи он даричае гузошт барои рафтуомаду табақи ҳамсоягӣ ва ду оила сарпаноҳ ёфтанд. Мард ҳамеша адолатро риоя мекард.

Пас аз як сол ба инояти худованд Оразгул писар ба дунё овард. Хурсандии мардро ҳадду ҳудуд набуд, аз Оразгул як қадам дур намешуд. Зан низ аз бахти хеш меболиду парвардигорро шукр мегуфт, ки ба шавҳари ба нохуни писар зор туҳфае кард беҳамто. Дигар ҳавлии онҳо ҳамеша пур аз хандаю хурсандӣ буд. Рӯзу шабонашон ба хушию шодмонӣ мегузашт. Оҳиста-оҳиста писаракашон дандон бароварду ба забон омад, раҳгардону калон  шуд,  … ва рӯзе  мусибат дари онҳоро кӯфт. Мард, ки бори раисии колхоз ба дӯшаш мудом асбсавор мегашт, рӯзе нобоб аз болои ҷонвар афтиду  баъди чанд рӯз фавтид. Ҳавлии пур аз сурур ба мотамхона бадал шуд. Оразгул месӯхту мегирист, ки ӯ магар ба ҳамин умед аз хешовандон канда, думи ин мардакро гирифта буд?

Хешовандони мард дигар ӯро танҳо намегузоштанд, гаштаю баргашта шудани кори ношуданиро таъкид мекарданду аз худашро зиёд обу адо накарда, нишонаи ягонаи Маъмурро  эҳтиёт кардан мегуфтанд. Оразгул ба тақдири шӯр тан дод. Писаракаш Олим мактабрав  шуд, тадриҷан алами дили модар паст гардид. Аммо баъд аз марди азизаш ҷудо гаштан тез-тез зодгоҳашро медид дар хоб ӯ ва шабе то саҳар ба ёди азизонаш бедорхобӣ кашиду субҳ ба номи хоҳаракаш номае навишт…

Ва як рӯзи офтобии тобистон ногаҳ хоҳараш пайдо шуд дар ҳавлии ӯ. То имрӯз ягона риштае ки Оразгулро ба зодгоҳу хешу ақрабо мепайваст, ҳамин ҳамширааш буд. Беш аз дигар фарзандони падар дӯст медошт вай ин хоҳаракашро. Ҳамеша аз ӯ нома мегирифт. Хоҳараш аз зодгоҳ менавишт: кӣ тавлид шуду кӣ гузашт, фалони шавҳар карду беҳмадонӣ… Хулоса, набзи рустояшон метапид аз ҳар сатри номаи хоҳар. Оразгул ҳар дафъа номаро бӯ мекашиду мегиристу ба дида мемолид ва ёди зодгоҳаш мекард.

Хоҳарон ҳамдигарро ба оғӯш кашиданду аз алами ҷудоӣ рухсора тар карданд. Дигар Оразгул аз хурсандӣ ҳамшираашро ҷойи нишондан намеёфт, мудом гирдаш парвона буд, аз рухсори фарзанди ҳамроҳаш овардаи ӯ мебӯсиду дӯстдорӣ мекард. Олим ба камол расида буду ҷойнишини падар гашта буд, низ баробари модар аз дидори холааш меболид. Зуд  чории фарбеҳро оварда, ба қавли модараш дар пеши пои холаю писараш сар зад. Дар як он ҳаққу ҳамсояву хешон аз пайдо шудани хоҳари Оразгул хабар ёфта, ҳавлиро пур карданд.

Шаб меҳмонон пароканда шуданд. Оразгул ҷогаҳи хоҳарашро дар ҳуҷраи хоби худ густурд ва оғоз шуд дарди дил кардану пурсишу посух. Бештар Наврӯз мепурсиду Оразгул ҷавоб медод. Аз хурдӣ кунҷков буд вай: ба ҳама чиз мароқ дошт, ба ҳама чиз кордор буд, лаҳзае оромӣ надошт. Аз дасти ӯ ҳатто бачаҳо ба дод омада буданд. Аз ин ҷиҳат хоҳарон обу оташро мемонданд. Оразгул баръакс ниҳоят орому ҳалим буд.

Ниҳоят Оразгул  низ суол кард:

– Акнун навбати ту… аз навигариҳо гап зан. Хешу табор хубанд?

– Навигариҳоро дар номаҳоям менавиштам-ку! Гапи тоза ҳамин, ки падарам бандагиро ба ҷо овард.

– Кай?

– Нӯҳ моҳ пеш. Ба қарибӣ солашро додем.

– Чаро маро хабар накардед?

– Амакам нагузошт. Дар марги падарам туро гунаҳгор медонад вай. Мегӯяд, ки тоқии акаамро ба замин зад, байни дӯсту душман сархам ва оқибат ба дарди дил мубтало кард. Барои ҳамин ба ту нанавиштам, агар он рӯзҳо меомадӣ, ҷанҷол калон мешуд. Хӯйи амакам ба худат маълум. Бадрашк, бадкина. Аз фирори ту беш аз падарамон вай оташин шуд.

– Дилаш бемор буд?

– Аз сактаи дил гузашт.

– То охир маро набахшид?

– Якравии ӯ ба худат маълум. Баъди гурехтанд зиёд азоб кашид, ба мактаби ҳизбӣ рафта аз асли воқиа хабардор шуда омаду қариб ду-се моҳ ба ҷуз дуконаш ба ҷое намерафт. Одамгурез шуда буд, оқибаташ маълум.

– Рост аст, ки маро…

– Чӣ?

– Оқ кард?

– Нашунидам аз забонаш ин ҳарфҳоро… гапи мардум буд. Гуфтам-ку дамдузд шуда буд. Шояд ба амакам ягон гап гуфта бошад… зиёд фикр накун, фоида надорад дигар.

– Агар модарамон зинда мебуд…

– Чӣ илоҷ тақдирамон чунин будаст, барвақт рафт модарамон.

– Раҳмат, ки маро ёд кардӣ. Аз омаданат амакам хабар дорад?

– Ҳеч чиз нагуфтам ба ӯ. Баъд аз сари падарамон кам меояд ба хонаамон. Аз акаам иҷозат пурсидам, гуфт ихтиёрат. Вақте ба сафар омода шудам, бо мошинаш то вакзал овард борхалтаҳоямро. Давоми роҳ хомӯш буд, ҳарфе намезад, ду чашмаш дар роҳ, зуд-зуд бо панҷаҳояш мӯи фатилаашро ба қабза мегирифту раҳо мекард. Хомӯш борхалтаҳоямро дохили вагон овард ва то лаҳзаи ба ҳаракат омадани қатора наздам нишаст. Дар лаҳзаи охир «салом гӯй ба Оразгул» гуфту рӯй гардонд ва ба остини пиҷакаш ашки чашмонашро поккунон тарк кард қатораро.

– Фарзанди падар…

– Гиря накун, Оразгул, ин дафъа ҳамроҳ меорам ӯро.

– Кошкӣ.

– Ин портрети дар девор овезон аз шавҳарат аст?

– Бале.

– Зебо будааст. Беҳуда аз баҳри мо гузашта, думи ӯро нагирифта будаӣ. Чӣ беморӣ дошт?

– Ҳеч. Баъди аз асб афтидан аҳволаш тамоман бад шуд. Мегӯянд, ки сутунмӯҳра… ҳароммағзаш сахт лат хӯрда будаст.

– Баъд аз сари ӯ азоб кашидӣ? Хешонаш рӯи хуш медоданд?

– Одамони хубанд. Шавҳарам пеш аз маргаш зану фарзанд, хоҳару бародаронашро ҷеғ зада, дар ҳузури ман васият кард, ки танҳо нагузоранд маро. «Агар дар гӯр оромию хотирҷамъии маро хоҳед, ӯро эҳтиёт кунед, – гуфт. – Ман Оразгулро аз авлодаш ҷудо кардам, акнун то қиёмат моем хешу табори ӯ. Ҳеч дилкашолие надорам дар ин дунё ба ҷуз писараму ҳамин зан». Баъд вақте ки танҳо мондем, дуру дароз ба рӯям нигариста гуфт: «Агар дилат хоҳад баъд аз сари ман шавҳар кун, аммо писарамро ба хонаи вай набар, ба зани авваламу хоҳаронам биспор. Васиятам ба ту ҳамин». «Хотират ҷамъ бошад, – гуфтам дар ҷавоб, – дигар то охири умр шавҳар намекунам, писарамонро ба воя мерасонам». Ҳамон шаб бандагиро ба ҷо овард.

Оразгул муддате сукут варзид. Аз рухсораш мисли гавҳар сиришке як лаҳза дурахшида нопадид гашт. Душвор буд барои ӯ ёд овардани он рӯзҳо. Баъди даргузаштани шавҳар вай чанд муддат дар ин ҳавлӣ мурғи паршикастаро мемонд. Шаб ба ёди азизи дилаш мехуспид ва гоҳо дар дили шаб, баъзан субҳ аз хоб бедор мешуду лаққӣ набудани ӯ ёдаш меомад, қалбаш тира мешуд, аз дарди бедаво фишор мехӯрд. Хоҳар ин ҳолати апаашро дарк карда буд ва ба шикастани сукути вазнини ӯ дилёб намешуд. Оқибат Оразгул базӯр туфи даҳонашро фурӯ бурда, бо овози дупӯста оҳи бадард кашид.

– Зани аввалаш рашк намекард? – пурсид хоҳар.

– Мекард, аммо бечора ба ҳазор азоб фурӯ мебурд рашку дарду аламашро. Мову ту ҳам занем, дардовар будани ин ҳолатро нағз медонем. Қадри ман дар назди шавҳарам аз он баланду забонам дароз буд, ки ба орзуи якумриаш ҷома пӯшонидам. Аммо худо шоҳид, ҳаргиз баҳра набурдам аз он. Як алами ниҳон дорам дар дил аз палонҷам. Дуҷон буд. Чӣ дарде дошт, ки баъди ҳомила шудан пойҳояш варам карданд.  Рӯзе  як коса дами гарм дар дастам ба аёдаташ рафтам. Назди бухорӣ рӯи ду қабат кӯрпача хоб буду духтари хурдиаш пояшро мемолид. Аввал хуш қабулам кард, аз ину он гап задем, ман сари духтарашро сила карда, меҳрубониашро нисбат ба модар таъриф кардаму гуфтам, ки мисли писар дар хидмати модараш бошад. Ана ҳамин вожа ба захми носури паланҷонам намак пошид магар ки сухани маро ба таъна кашида, оҳу воҳ карду гуфт: Аз писар зоиданат мефахрӣ,а! Аммо ман шабу рӯз ба сӯи худое ки халқам кардааст, менолам, то ту рӯи духтарро набинӣ. Вақте ӯ ин суханҳоро ба забон овард, ҳатто вуҷуди духтаракаш ларзид ва ҳама нохушнудилашро ба хитобаи «Оча!» баён дошту бадар рафт. Ман моту мабҳут нишастам муддате, палонҷам то дер чашм накушод ва вақте ки оҳиста сурфидам дидагонашро боз карда, «чӣ шиштӣ, гуфт, бирав, мардакатро интизор накун». Гӯё маҳз мунтазири ҳамин раъй будам, ки зуд бапо шуда, аз дар баромадам ва аз пасам овози ӯро шунидам: рӯйи ҳардуятро мурдашӯй бинад! Бозии тақдирро бубин, ки баъди се моҳи даргузаштани шавҳар палонҷам  низ писар ба дунё овард. Аммо мардакамон аз дори дунё рафта буд ва наметавонист ба ин шодии пайвандон ҳамроҳ бишавад. Чанд сол пас палонҷам низ бандагиро ба ҷо оварду ташвиши ду хонавода ба дӯши ман афтод…

Барқ ногаҳон хомӯш шуд. Нафаси хона дар қабзаи сиёҳию торикӣ гӯё ба дарун зада буд, пашшае пар намезад. Хоҳарон низ хомӯш буданд. Оразгул «боз чӣ бало зад ин чароғро» гуфту пардаи ғафси тирезаро як тараф зад. Рӯшноӣ вориди хона шуд.

– Чаро хомӯш шудӣ? – гуфт Оразгул.

– Одамони қадим беҳуда ними умратро фурӯшу рӯшноӣ бихару ба нисфи дигараш ҷӯшоӣ, намегуфтаанд. Мисли гӯр тип-торик шуд ҳама ҷо дар як дам. Нафаси кас мегирад-э аз торикӣ.

Дере нагузашта барқ омад, чароғи дар болори шифт овезон фурӯзон шуд.. Хоҳарон оҳи сабук кашиданд.

– Дар қадим мардум бе барқ чун мезистанд? – пурсид Наврӯз аз ҷогаҳ бархоста.

– Одат карда буданд. Замистон чароғи сиёҳ хонаҳоро моломоли дуд мекард, димоғро месӯзонд, тобистон моҳтоб чароғашон буд. Чароғи сиёҳро нағз дар ёд дорам, овони бачагӣ ҳангоми дар деҳа зистанамон ҳанӯз истифода мешуд он. Баъд қувваи барқ омаду ҷони ҳама дамид.

– Апа, ҳеч моро ёд мекунӣ? – пурсид ногоҳ Наврӯз.

– Магар ёд накарда мешавад? Пур хотираҳо дорам аз овони бачагию наврасию ҷавониам дар зодгоҳ. Падару модарам ва шумоёни азизро ҳар шаб хоб мебинам гӯям, бовар намекунӣ. Охир дар он ҷо хуни нофам рехтааст, чашм кушода оламу одамро дидаам. Инсонҳои ба ҷон баробарам, дугонаю ҳамсинфонам онҷоянд. Мисли ман дар зери бори рӯзгор қомати онҳо низ дуто шудагист.

– Чаро боре ҳам наомадӣ?

– Аз ғазаби падарам тарсидам. Баъд ташвиши рӯзгор, фарзанд, набераҳо ба дунё омаданд… Аммо ҳозир мехоҳам биравам. Ҳар қадар умр гузарад, хумори кӯдакӣ боло мегирифтаст. Беҳуда аввал кӯдак – охир кӯдак, намегуфтаанд. Баъзан шабҳо парвози хаёл чунон баланд мешавад, ки мондан гир. Бачагию лӯхтакбозиҳоямон, ҳамроҳи ту афтидаю хеста дар кӯчаҳо давиданҳоямон… чун навори кино аз пеши назарам гузашта, диламро хун мекунад. Баъзан сарамро таки кӯрпа мекунаму зор-зор мегирям. Чӣ илоҷ, дар тақдирам будаст як умр дур аз шумоён зистану сӯхтан. Баъзан соатҳои тангию беморӣ мехоҳам дар барам бошӣ. Аммо чора нест, раҳ дур, бар замми ин роҳи ман ба он ҷо баста.

Лаҳзае хомӯшии вазнин ба миён омад. Оразгул ноаён бо гӯшаи қарс ашки чашмонашро пок карду бо овози паст гуфт:

– Гӯр ғарибӣ шавад, баъзан дил сустӣ мекунад, Ту хавотир нашав, зиндагиам бад нест. Писару набераҳоям дар барам. Келин зани бафаҳм, ба хироҷи ҳафт мамлакат меарзад, дастамро ба оби хунук задан намегузорад. Худо хоҳад, тобистон меравем ҳамакаса меҳмонӣ. Қабри падару модарамро зиёрат мекунам, бо дугонаҳоям дидор мебинам, ҷойҳои давутози бачагиамро зиёрат мекунам. Хеле тағйир ёфтагист?

– Тағйироти ҷиддӣ нест. Мактабамон то ҳол побарҷост. Фақат муаллимон кам мондаанд, дар нафақа, пир шудаанд, – гуфт Наврӯз.

–  Чӣ илоҷ, одамизод омадану рафтан дорад. Бевафотарин чиз барои инсон умр аст. Худо медонад аз чанд сол мондани умри мо. Бандагонаш ҳаргиз намедонанд…

***

Солиёни зиёде гузашт зз ин гуфтугӯи хоҳарон дар он шаби тобистон. Инак умри кампири Оразгул ба домани ҳафтод печида, мӯи сараш мисли барфи тори қуллаҳо сапеду қоматаш камон гашта буд. Бадали ин солҳо ба қавли мардум «рӯи ӯ дар пеши хешу акрабою шиносҳо кушода шуд» ва кампир борҳо ба зодгоҳаш рафтаву хешонро дар хонаи худ меҳмон карда буд. Солҳои аввал аз ин рафтуомадҳо хурсанд буд вай, вуҷудаш аз шодию фараҳ лабрез мешуд, аммо ҳар қадар пирӣ ба доманаш мечасбид, ҳангоми гусел дилаш ганда мешуд, эҳсосоти ғамангезе ки баъзан ҳангоми ғуруби офтоб дар дил рӯ мезанад, ба гиребонаш панҷа мезад. Бо вуҷуди он ки бештари умраш дар зодгоҳи шавҳар гузашту дар ин ҷо фарзанд ба дунё оварда реша давонд, баъзан дар дили шаб хобҳои кӯдакӣ медиду дилаш хун мешуд, ёди зодгоҳ мекард, беовоз дар ҷогаҳ гиря мекарду лаб мегазид. Ба болои сӯхта намакоб вақте ба зодгоҳ мерафт, хоҳараш ҳар даъфа мисли тутӣ як гапро такрор мекард: Апа, дигар нарав, дар зиндагиат азоби дурию танҳоӣ кашиданат бас набуд, ки дар хонаи охират низ ором нагирӣ.

Ва ин даъфа низ такрор шуд ҳамон гап. Кампири Оразгул хомӯш, дар баҳри андеша фурӯ рафта буд. Ҳар замон бо гӯшаи қарси сафед оби дидагонашро пок мекарду ҳарфе намезад. Ба баргаштанаш ҳафт  соат монда буд. Дирӯз бо хоҳиши ӯ додарзодааш ба қатора билет харида омад. Ниҳоят вай ғалаёни дилашро фурӯ нишонда, гуфт:

– Ҳама ҷо замини худост, хоҳарам. Ҳар боре бо шумоён видоъ мегӯям, то дер дар қатора ашки чашмонамро дошта наметавонам… аммо бояд биравам. Он ҷо келину набераҳоям, хонаю дарам, фарзандон, мазори дӯстдоштатарин инсонам. Чи тур аз онҳо дил канда метавонам? Нисфи зиёди умрам он ҷо гузашт. Худо шоҳид, аз онҳо як зарра бадие надидам, озорам надоданд, ҳамеша дар муҳити меҳру муҳаббат зистам. Ҳамсояем, аммо хуб нашинохтаем онҳоро. Бандаҳои озода, содаю зудбовар, бадонишу баандешаи худоянд онҳо, як пора нонашонро аз даҳони ҷигарбандонашон зада, пеши меҳмон мегузоранд.

Кампири Оразгул ин гапҳоро ба забон меоварду дилаш фишор мехӯрд, дард мекард. Мехост боз чанд рӯзи дигар бимонад ин ҷо назди ёру бародарон, аммо медонист, ки ба ин ҳам хумораш намешиканад дигар.

– Меравӣ? – пурсид ниҳоят хоҳараш. – Пир шудӣ, мегӯӣ дилат иллатӣ аст. Мабодо…

– Бояд биравам.

– Ихтиёрат.

Сукути вазнин соя андохт.

Асбе дар як кунҷи ҳавлӣ баланд шиҳа кашида, ба дарзи сукут рахна зад. Ба асб об надоданд магар, гӯён Наврӯз аввал аз назди тиреза сар кашиду баъд ҷониби дар рафта, дасташ дар дастаи дар гуфт:

– Аздусар бегонаанд онҳо.

– Ба ҷуз забон ягон бегонагӣ надорем. Обу хоку урфу динамон як. Ҳамдилӣ аз ҳамзабони беҳтар аст.

– Ихтиёрат, – такрор кард Наврӯз ва бадар рафт…

***

Ҳуштоки қатора бори сеюм дар атрофу акноф паҳн шуд. Мусофирон ба ҷунбиш омаданд, гуселандагонро ба оғӯш гирифтанд, хайру маъзур оғоз ёфт. Кампири Оразгул низ хоҳарашро сахт ба оғӯш гирифта бӯиду бӯсид. Мекӯшид то худашро бой надиҳад, ашк нарезад. Аз ин рӯ зуд дохили қатора шуд ва он ба ҳаракт даромад. Бо ёрии ҳодии қатора купеи хешро ёфт. Ҳамроҳонаш – як ҷуфти ҷавон барвақт ҷойгир шуда буданд дар он. Онҳо дарҳол сумкаи кампири Оразгулро ҷойгир карданд. Қатора ба пеш медавид, хонаҳои бомашон пасту баланд кӯчаҳои сермошин, биноҳои гуногун… шаҳр қафо монд. Акнун қатора дар дашти фарох ҷавлон зада ба пеш метохт. Симчӯбҳо, талҳои пасту баланд ва аҳён-аҳён хонаҳои гилину асбу хару шутур як ба назар менамуданду ғойиб мешуданд. Зану марди ҷавон аз телефони дасташон кадом филмеро тамошо мекарданд. Кампири Оразгулро шушаш пур шуда, ноаён ашки чашмонаш равон шуд. Дилаш себи дукафонро мемонд, қисме дар ин ҷо, дигараш дар он ҷо. «Дигарбора медида бошам зодгоҳамро, хешу таборамро, – худ ба худ пичиррос зад вай. – Дилам… сих мезанад шабҳо дилам. Кош боз як бори дигар муяссар мешуд дидор».

Дар сар чунин андешаҳо вай оҳиста ба қафо, ҷониби зодгоҳаш, маконе ки хоҳару бародар ва дигар азизонаш он ҷо маскунанд, нигарист. Дигар наменамуд шаҳр.

Қатора бо суръати баланд ҳуштоккашон дар истгоҳе наистода гузашт…

Оставьте комментарий

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.