• Аз муаллиф

    Салом, дӯстони шиносу ношиноси ман. Зиндагӣ бо дидору сӯҳбатҳояш ширин аст. Ман аз ин дуриҳо гармии нафаси шуморо эҳсос мекунам ва агар бо навиштаҳои худ заррае ба дили шумо гармӣ биёрам, худро хушбахт меҳисобам. Зеро аминам, ки рисолати эҷодкор ва умуман ҳар фарди соҳибдил дар байни инсонҳо ин дили касеро ба зиндагӣ гарм намудан, ба кошонае нур овардан, пайроҳаеро бо нигоҳи худ рушан кардан, пораеро дарбеҳ намудан аст. Барои ман инсони аз ҳама олӣ он нафарест, ки дарди дили дигареро эҳсос мекунад ва то аз дасташ омадан – бо қалам, бо сухан, ҳатто бо нигоҳи гарму пур аз меҳр - барои зудуда шудани он дард заррае ҳисса мегузорад. Нависандаи бузурге дар хусуси эҷодиёт ва рисолати қаламкашӣ андеша ронда, гуфтааст: Мо бояд пеш аз ҳама дилро фаромӯш накунем! Мавлавии бузург низ фармуда, ки пас забони ҳамдилӣ ин дигар аст, ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Боқӣ Худо нигаҳбони мову шумо.
  • Асарҳо

  • Рубрики

  • Январь 2022
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12
    3456789
    10111213141516
    17181920212223
    24252627282930
    31  
  • Нишона

Ҳидоят

(Ҳикоя)

Ҳавлӣ дар домани тали баланд ғариб афтода буд. Ҳавлиҳои дигар шукўҳу шаҳомат, иморатҳои барҳаво, роҳравҳои симонпўш, долу дарахти бисёр доштанд, кўдакони зиёд чувваскунон ба он манзил гўё ҷон мебахшиданд, нуру сафо меоварданд, аммо ин ҳавлии иборат аз як дар ҳуҷраю як гўшагардони беайвон ба назар сарду бечора менамуд. Ду дар хона аз нафаси сарди  барфу борон ранг бохта, таҳкурсии пешсуфаи  он, ки ба ҷойи айвон буд, беҷо шуда, рў ба харобӣ оварда буд. Сари де-вори пасту баланди атрофи ҳавлӣ дандонаҳои арраро мемонд. Ҷое аз бориши зиёд фурў рафта, таҳкурсии ҷониби офтоббаро парчини замин шуда буд. Чандест, ки дар ин макон касе зиндагӣ намекард, пойи одам ва дасте ба таъмири он намерасид. Ҳангоми вазидани боди сарду тунд нола мекард ҳавлӣ, мисли гурги танҳо бадард уллос мекашид. Тобистон  саҳни ҳавлиро саросар хори турнӣ зер мекард. Ин хори беор дар ин макони бесоҳиб саросар сар мекашиду гул мекард, аз вазиши бод мисли чуғз дар вайрона пар-пар мезад. Аз назди дарвозаи ҳавлӣ роҳи мошин мегузашт. Ҳар дафъа одамон аз болои мошини боркаш ба ҳавлӣ  дида дўхта, бо нишони афсўс сар меҷунбонанд. Хулоса, ин манзара дар дили бинанда эҳсосоти нохушеро рў мезанонд, аз бевафоии дунёи гузарону бебақоии умри одамӣ ангушти ишорат менамуд.

Ин ҳавлии аз овони кўдакӣ ба ман ошно замоне мисли дигар ҳавлиҳо бўйи зиндагӣ мекард. Хусусан вақте ки Ҳидоят аз аскарӣ омад, он тўйхонаро мемонд, пур аз хандаю сурур буд. Модар аз бозгашти писари дилбандаш, аз қомати болою китфони рустамона ва либоси ҳарбии дар танаш басо зебанда, ба қавле на танҳо дар куртааш, балки дар олам намеғунҷид…

Аз рўзе ки худамро мешиносам, Ҳидоят бо модараш танҳо мезист дар ин ҳавлӣ. Падар надошт ў, бе никоҳ ба дунё омада буд, кӣ будани падари ўро касе намедонист. Дар ин хусус мардум ҳазорон ҳадс мезаданд, аммо модарам доим мегуфт, ки гумон касро аз имон ҷудо мекунад ва мо ба ҳар гуна гапу калочаҳо бовар накунем. Ҳамин тариқ қиссаи ба дунё омадани Ҳидоят замоне дар байни мардуми деҳаи мо афсона гашта буд. Аммо модараш Гулдастахола  сир бой намедод. Вай, мудири китобхонаи русто, зани камгап, хоксору заҳматӣ, умрашро дар китобхона гузаронд. Он солҳо кам занон ҷуръати қатори мардон дар идора кор кардан доштанд, зеро мардум идоранишинии занонро кори айб медонистанд. Китобхона бо мактаб, идораи колхозу беморхона, мағозаю почта ва анбор дар як мавзеъ ҷойгир шуда буд, ки онро мардум Сари бозор мегуфтанд. Ҳамон вақт, ба қавли мардум,  китобдорзанро бо кадом марди юфе  гапашон мепечаду ҳосилаш Ҳидоят ба дунё меояд. Аммо Гулдастахола то охири умр гиреҳи ин сирро накушод, ки накушод. Гўё ба хотири нарехтани обрўи он марду хонавайрон нашудани вай ҳама гапу калоча, таънаю тамасхури мардуми кунҷкову баддаҳонро мардона фурў бурд, ҷомаи бевагиро ба тан карду аз гуноҳи он дилдодааш қойил нашуд. Писарро танҳо ба воя расонд. Баъдҳо ҳавсалаи мардум аз ин қиссабофию ҳадсзаниҳо  пир шуд магар, дигар гаҳу гоҳ, агар ҷавонҳо аз танҳоии Ҳидояту модараш бипурсанд, нўки забон мегуфтанд қиссаи танҳоии онҳорою халос.

Ҳамроҳи мо, бачаҳои ҳамсолаш, калон мешуд Ҳидоят. Ҳарчанд аз хурдӣ модар ўро чун мурғи курк то метавонист зери қаноташ гирифта, метарсид, ки мабодо ба нури чаш-маш чашми баде бирасад, вай мудом чашми модарро хато карда, баъзан ба «нараву нагир»-ҳои ў аҳамият надода, ба мо ҳамроҳ мешуд, чилликбозию рустшавакону тўббозӣ мекард, баъзан ба боғи ҳамдеҳагон чашм ало мекарду аз по-лезҳо сабчаву тарбуз мерабуд. Вақте ки модар аз ин корҳои Ҳидоят хабар меёфт, химча дар даст дар кўчаҳои пур аз хоку чанги деҳа ўро пешандоз карда, хона мебурд. Аммо… бо вуҷуди дўстдории модар Ҳидоят ҳар қадар калонтар ме-шуд, эҳсоси бепадарӣ дар вуҷудаш бештар рў мезад, ҷони ҷавонашро ба қабзаи дард мегирифт. Ёд дорам, боре ҳангоми мактабхонӣ ба мо, хонандагон, муаллим анкетае дод барои хонапурӣ кардан. Азбаски ман бо Ҳидоят ҳампарта будам, дидам, ки ҳангоми пур кардани хоначаи «ному насаб ва ҷойи кори падар» ранги рўи вай канд, нафас дар гулўяш печид ва қалам дар дасташ ларзид. Сари болояш хам, чашмони хандонаш хаста ва лаби пур аз табассумаш ба гиря моил шуданд. Гумонам, он лаҳза аз сар бардошта, ба атрофиён назар кардан метарсид вай: мабодо касе аз ин ҳоли зори ў огоҳ шавад. Ман низ худро ба нодонӣ зада, сар аз анкета набардоштам. Вақте ки муаллим дар тори сарамон рост истодаву анкетаи пуркардаи ҳар яки моро аз назар гузаронида, қабул мекард ва ё агар саҳве рафта бошад, ба ислоҳ карданаш амр медод, коре шуд, ки муаллим дар назарам шум гашт. Шояд муаллим айбе надошт, нохост аз даҳонаш баромад, аммо… Хулласи калом, муаллим анкетаҳоро ба ҷамъ намудан шурўъ кард ва вақте навбати Ҳидоят расид, ба навиштаи ў назар давонда, гуфт: ном ва ҷойи кори падар… Зуд хатои хешро фаҳмид магар, лаб фурў баст, аммо тир аз камон ҷаста буд. Дарҳол бисту шаш ҷуфт чашм ба Ҳидоят дўхта шуданд. Гумонам, ин  бисту шаш ҷуфт чашм набуд барои ҳампартаи ман, бал ҳамин андоза тире буд, ки аз ҷавшани ҷонаш гузашт. Ҳидоят муддате карахт шуд, сурху сафед шуд, сипас тирвор аз ҷой хеста, аз синфхона бадар рафт. Ман низ филҳол аз паяш давидам. Ў аз синф баромаду  майдончаи варзиширо убур карда, аз дарвозаи мактаб берун шуд ва рост ба лаби дарё рафт. Дар газзор ба ў расидам. Хомўш ашк мерехт. То дер дар бараш нишастам. Ҳидоят шояд аз заъфи асаб беист сангчаҳои пеши пояшро чида, ба дарё меандохт. Намедонистам чӣ бигўям ба хотири тасаллиаш. Баъди чанд муддат хомўш нишастан гуфтам:

– Ба дил магир, муаллим аллакай аз гуфтааш пушаймон шуд.

– Ман аз муаллим хафа нестам, – овозаш ларзида гуфт Ҳидоят, – аз тақдири бадам аламам меояд. Охир…

Фикрашро то охир нагуфта, аз ҷой хест Ҳидоят ва ҷониби хонаашон рафт. Мумкин, гиря роҳи нафасашро гирифт ё дар назди ҳамсолаш дарди дил кардан нахост. Намедонам.

Баъд аз ин воқиа Ҳидоят дамдуздтар шуд, дигар Ҳидояти пешина набуд: аз давраҳо худро дур мегирифт, ба бозӣ ҳамроҳ намешуд, аз мактаб рост ба хона мерафт. Аммо, ба қавле, вақт ҳама дардҳоро малҳам мешавад. Ҳидоят  оҳиста-оҳиста ба худ меомад, аммо… Рўзе се нафар барои ҳезум ба дара рафтем: ману Ҳидоят ва ҳамсинфамон Хурсанд. Аз бозе ки худамро медонам, падари Хурсанд дар колхоз сармуҳосиб буд ва дасти дароз дошт. Ҳезуму алафро ба мошин меовард. Аммо Хурсанд аз рўи ҳавову ҳавас ба мо ҳамроҳ ба саргинчинию алафдаравӣ ва ҳезумчинӣ мерафт. Ба гуфти ў, падараш аз ин кори ў мамнун будаасту писари эркаашро ба меҳнат ташвиқ менамудааст. Вақте ки ба макони ҳезумгирӣ расидем, офтоб қадди як ресмон баланд шуда буд. Зуд  аз пайи ҳезумғундорӣ шудем ва дере нагузашта, аз дарахтони хушкидаи арчаву бурс ва заранги шохҳояшон шикаста се хар ҳезум ҷамъ овардем ва барои таҳтўл кардан дар зери арчаи баланде нишастем. Хурсанд будем аз омади кори хеш ва нақшаи баргаштан мекашидем.

– Падарам шод мешаванд, – гуфт Хурсанд, ба се банд ҳезуми ҷамъкардааш мамнун назар афканда. – Дина шаб хеле гап шунидам аз он кас. Ваъдаашон – харидани велосипедро – ба ёдашон овардаму мисли хас даргирифтанд, ки дастатро ба оби хунук намезанию дилат велосипед мекашад.

Ман низ нияти дучарха хариданамро ба забон овардам.

– Ту чӣ? – ба Ҳидоят рўй овард Хурсанд ногаҳон ва баъди чанд лаҳза тамасхуромез илова кард. – О ту падар надорӣ-ку…

Дара гўё ҳарфҳои Хурсанди баддаҳонро шунида, дам ба дарун зад. Лаҳзае гумон кардам, ки дар ин дараи хушбоду ҳаво нафастанг мешавам. Шояд гўши ман қуфл зада буд ва ё воқиан ҳам, садои ҳаррангаи дара – фарёди рўди кўҳӣ, хониши мурғони хушадо, чир-чири малахҳо, маоси меше аз қуллаи шах – ях бастанд. Ба ҷуз ҷарангоси гўши хеш ҳеҷ садо ба самъам намерасид. Офтоб баланд хеста буд. Аммо ҷое ки мо ҳезум мечидем, соярў буду тали шафат ғарқи анвори офтоб. Ба ин минвол чанд вақт гузашт, дар хотир надорам. Ҳидоят оҳиста аз ҷой хест ва баъд барқвор муште ба даҳану бинии Хурсанд зада, онро ғарқоби хун карду байнашон занозанӣ сар шуд. Ба азоб онҳоро аз ҳам ҷудо кардам. Ҳидоят ба итоб харашро савор шуда, аз нишебӣ поин шуд. Се банд ҳезуми чидааш зору ҳайрон монд…

Ин гуна лаҳзаҳо бисёр мехостам, ки ошноям Ҳидоят мисли мо падар дошта бошад ва аз ин боис дар назди ҳар касу нокас забонкўтаҳу сархам, сурху сафед нашавад. Ба ҳамон ақлам ғоибан ба он марди буздиле, ки мўҷиби ба дунё омадани Ҳидоят гашта, инак рў тофтааст, дар набард мешудам, мехостам ба рўяш туф кунаму муште ба сараш бизанам. Баъди рафтани Ҳидоят бо Хурсанд гапамон пасту баланд рафту дар ниҳоят вай аз кардааш пушаймон гашт, мо ҳезуми Ҳидоятро ду тақсим карда, ба харҳоямон бор намудему ба ҳавлии Гулдастахола фаровардем ва ба чуну чарои ў посухе надода, бадар рафтем. Дар хона ба модарам дарди дил кардам. Шояд аз адолатхоҳиям болида, он рўз модарам сарамро сила кардаву аз пешониям бўсида, гуфта буд: Ту ҳоло хурдӣ, ба бисёр гапу корҳои дунё сарфаҳм намеравӣ…

 Солҳо мегузаштанд якранг, давраи мактабхонӣ поён ёфт, мо ҳар яке аз пайи ҷустуҷўи бахти хеш ба ҳар сў паррончак шудем. Яке донишҷў, дигаре коргар, сеюмӣ аскар. Баъд ҳамсолон оила барпо карда, соҳиби фаразандон мегаштанд, аммо Ҳидоят ҳамоно ҳамроҳи модараш танҳо буд. Ҳамагон гумон доштанд, ки пас аз хатми мактаб модар зуд сари ўро ҷуфт мекунад ва ба пайи қадами арўс ба ҳавлии онҳо нуру сафо меборад. Аммо баръакс солҳо мегузаштанду Ҳидоят хонадор намешуд, модараш, ба қавли занҳои деҳа, ба саволҳои ҳамрустоён дар ин боб бо имрўзу фардо ҷонашро халос мекард. Ҳатто баъзе нафарони донотарош ҳадс мезаданд, ки азбаски модар ба Ҳидояти ягонааш меҳри беандоза дорад, намехоҳад бо зани дигаре ўро бахшу қисмат кунад. Ҳидоят низ ба саволи мо дар ин маврид гапро мегурезонд. Баъзе мардуми кунҷков мегуфтанд, ки гўё Гулдастахола ба духтари Салимпаҳлавон хостгорӣ рафтаасту паҳлавон ҷавоби рад дода, баъд дар маъракае гуфтааст, ки «Ҳидоят аввал падарашро ёбад, баъд дар фикри зангирӣ афтад»…

  Ҳидоят пас аз адои хидмати аскарӣ устои гулдасте шуд. Аз панҷаҳояш ҳунар мерезад, мисли вай устои чўбкоррро дар атрофу акноф ёфтан амри муҳол аст, таъриф мекарданд ҳамдеҳагон ўро. Ҳар гоҳе ки ба деҳа мерафтам, ҳамеша  хабар мегирифтам ўро. Вай, устои чирадаст, ба қавле, даст ба даст намерасид, ҳамеша банди кор, аммо ҳамоно муҷаррад буд. Ҳарчанд кўшидам, ягон бор дар хусуси танҳоияш гап кушода натавонистам. Метарсидам, мабодо боиси ранҷиши хотираш гардам, зеро медонистам, ки ў аз хурдӣ дили зудранҷ дошт, аз танҳоии худ азоб мекашиду аз ин боб гуфтан намехост. Вожаи танҳоиро чашми дидан надошт ў ва агар касе аз ин боб гап мекушод, гумон мекардам, мисли мўйи дар оташ афтода ба худ мепечид, нороҳат мегашт, то метавонист маҷрои гуфторро зуд дигар мекард ва ё чизеро баҳона карда, аз давра берун мерафт.  Гулдастахола пир шуда буд, бо қомати хамида, дар даст асо роҳ мегашт. Дигар дар кўча намедидам ўро, танҳо ҳангоми дидорбинӣ рафтан дар ҳавлӣ медидамаш. Ҳамоно барои ў Ҳидоят тифл боқӣ монда буд. Вақте ки сари дастархон менишастем, ҳатман Ҳидоятро огоҳ мекард, ки шароб нанўшад. Ва ё вақти таом овардан косаи ўро дароз карда, мегуфт, ки равғанашро кам кашидааст ва ё нахўд наандохтааст ва ҳоказо. Ҳидоят ҳамеша аз ин рафтори модар меранҷид, аммо изҳор намекард.

Чунин иттифоқ афтод, ки ҳангоми дар деҳа буданам Гулдастахола аз дунё гузашт. Барвақт рафта, дар бари Ҳидоят, ки ҷомаю тоқӣ пўшида, тибқи урфи мардуми деҳа асо ба даст гирифта буд, рост истодам. Дилам ба ҳолаш сўхт. Охир, вай акнун дар ин дунё танҳо худаш монду сари қоқаш. Ягона роздону парастораш рафт бебозгашт. Шояд дигар ҳамрустоён низ чунин андешаҳо дар сар доштанд, ки гардани Ҳидоятро оғўш карда, бадард мегиристанд. Ҳидоят хомўш буд, оби чашмаш дар рухсорааш сарозер, аз гулўяш хирросе ба гўш мерасид, аммо наметавонист овозашро сар диҳад. Дарду алами сахт ўро карахт карда, забонашро лол кардаву роҳи нафасашро баста буд.

Пеш аз бозгашт ба шаҳр ба дидорбиниаш рафтам. Рўз бегоҳ мешуд.  Танҳо буд вай дар хона. Хеле нишастем, суҳбатамон аз ҳар дар буд. Вақте ки торикӣ фаромад, Ҳидоят аз ҷой хеста, чароғи карасиниро, ки дар пештахтаи тиреза меистод, даргиронд. Хона равшан шуд. Ҳидоят чанд муддат ба забонаҳои оташи фурўзони пилта  чашм наканда, гуфт, ки ҳангоми гузаронидани маъракаҳои модараш, бино бар расиши кўтоҳ дар қабати девор ноқил сўхтаасту чанд рўз боз аз чароғи бобоӣ истифода мекунад, зеро иваз кардани ноқил дар мағзи девор ташвиши бисёр дораду ба ин кор дасти устои ягонаи барқ дар деҳа намерасад. Баъд табассуми ҳазин дар лаб илова кард: баъд аз сари модарам одат кардам ба чароғи бобоӣ. Давраи беғамию бесарии кўдакиро ба ёд меорад он. Маъқул аст ба ман танҳоию торикӣ.

Чароғ ришта-ришта дуди борик сар дода, пилта якмаром месўхт ва дастархони моро равшан мекард.

– Ба торикию танҳоӣ одат кардан хосияти хуб надорад, ошно, – гуфтам ба оҳанги нарму маслиҳатомез. – Акнун муҷаррадӣ бас, танҳоӣ танҳо хоси Худованди бузург аст, бандаро сараш ҷуфт беҳ. Баъд… мард бе маҳрами тан азоб мекашад, бе дасти зан хона ҳусн надорад.

Ҳидоят бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд, аммо сухане ба забон наовард ва дарҳол риштаи суҳбатро ба дигар тараф тофт. То ҳол худамро мехўрам, ки чаро он рўз истодагарӣ накардам, ўро ба гап наандохтам. Охир, ман аз куҷо медонистам, ки рўзу моҳҳои ў ба шумор мондаасту дигар рўйи гармашро намебинам ва дидорҳо ба қиёмат мемонад.

Баъди як моҳ аз бандагиро ба ҷо овардани Ҳидоят хабар ёфтам. Дар сафари хидматӣ будам ва вақте ки ба деҳа ома-дам, маъракаҳояш гузашта буданд ва аз ин ҷиҳат хешро дар назди рўҳи ў шарманда мепиндоштам. Аз автобус пиёда шуда, сари роҳ ба ҳавлиашон даромадам. Вақти говгум буд, шаб ба тадриҷ чодари сиёҳи хеш ба сари русто паҳн мекард. Ҳавлӣ дар ҳукми хомўшию сардӣ буд. Оҳиста дарвозаи шалақро тела додам, кушода шуд. Филҳол аз мағзам мақоли «мўзадўзи бемўза» гузашт. Дасти Ҳидоят садҳо дару дарвоза хонаю кўшки мардумро гул кунониду ба дарвозаи худаш дасташ нарасид ва ё мурғи дилаш мурда буду инро кори беҳуда медонист. Намедонам, барои чӣ ў ба таъмири дару девори ҳавлии хеш ҳеҷ рағбат надошт, дасташ намерафт. Ин ҳам барои мардуми деҳ муаммо монд. Бо дили зардоб қадам ба дарун ниҳодам. Ди-ламро чизе тазйиқ медод, ноаён ваҳм хона мекард дар он. Охир, дар умрам бори аввал ба чунин ҳавлии бекасу бесоҳиб қадам мегузоштам. Бо вуҷуди ин, ҷуръат карда, ҷониби ҳуҷрае ки бори охир ҳамроҳи Ҳидоят нишаста будем, гом бардоштам. Вақте ки аз назди тиреза мегуза-штам, чашмам ба собиқ сармуҳосиби колхозамон Қурбон Аваз афтид. Вай дар назди миз ба чароғ андармон буд: аввал шишаи онро гирифта, як сў гузошт, баъд гўшаки чароғро тофта, пилтаи онро бардошту даст ба ҷайбаш андохта, чизеро кофт. Ҳама кисаҳоящро такурў карду ниҳоят шишаро боз ба ҷояш гузошт ва ба сукут рафт.

Яқин гўгирдро фаромўш карда буд ў.

Оставьте комментарий

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.