Равшани Махсумзод

Ғуруб
Ғуруб

(ҳикоя)

Дар истгоҳи начандон калон мунтазири автобус менишастаму он диранг мекард. Кӯча холӣ буд, рӯз бегоҳ мешуд. Дар харак ду зани аврупоинажод паҳлӯи ҳам нишаста, сӯҳбат доштанд. Ҳарду ҳам пир, либосҳояшон фақирона ва дар дасташон асо буд.

– Шунидӣ, Роза, – гуфт яке аз онҳо, зани  қадпаст, ки шишаи айнакашро бафурҷа бо рӯймолча тоза мекард. – Дирӯз Олга Сергеевна мурдааст.

– Чӣ хел? – ҳайрон пурсид Роза.

– Ҳини аз зинапоя поин шудан дасташ аз панҷараи он хато мехӯраду сарозер афтида,  сараш ба фарши сангин бархӯрдааст… Имрӯз гӯронданд.

– Хуб шудааст, – гуфт Роза.

– Аз худо наметарсӣ? – гуфт кампири айнакӣ. – Вай ба ту ягон бадӣ карда буд?

– Не, баръакс, некиҳояш зиёданд. Ҳангоми ба нафақа баромаданам вай дар идораи таъминоти иҷтимоӣ кор мекард, ба ҳуҷҷаттайёркуниам кӯмак карда буд. Худат медонӣ-ку, нафақабароӣ чӣ қадар давутоз дорад. Аммо вай ҳама ҳуҷҷатҳоямро дар ду рӯз тахт кард.

– Пас чаро аз марги ӯ шодӣ мекунӣ?

– Вай худаш ба маргаш розӣ буд. Чунки келинаш рӯзашро сиёҳ карда буд, – на хӯроки серӣ медоду на сару танашро мешуст. Ана акнун ҷонаш ба осонӣ халос хӯрд. Ту медонӣ, ки ҳар рӯз келину писараш ӯро ба назди дарвозаи бозор бурда мемонданд ва вай то бегоҳ рӯи замини нам нишаста, аз одамон садақа металабид. Бегоҳӣ онҳо, келину писараш, омада ӯро ба хона мебурданду аз пулҳои ҷамъкардааш май менӯшиданд.

– Хабар надоштам…

– Ту ҳоло аз бисёр чизҳо хабар надорӣ. Гумон мекунӣ, ки ман аз бекорӣ бо ту дар ин ҷо лаққида нишастаам? Не-е! Писарам боз ҳамон оимчаашро овард…  Онҳо дар хона нафси шаҳвониашонро қонеъ мекунанду ман дар ин ҷо вақтро – кӯр. Лекин оимчааш бисёр зебо, мисли лӯхтак. Намедонам аз бачаи бадмасти ман чӣ дидааст, ки мисли кана ба вай мечаспад.

– Ҷавонҳои ин замонаро фаҳмида намешавад. Барояшон ягон чизи муқаддас намондааст. Танҳо хӯрдану хобиданро медонанду халос. Ишқро ҳам хор карданд. Танҳо барои як лаҳза зиндагӣ мекунанд. Аммо мо то никоҳ кардан бо ягон мард даст ба даст нашуда будем.

– Пир шудем, – гуфт ба ҳасрат Роза. – Соли аввали ба ин ҷо омаданамонро ёд дорӣ? Ҷавон будем он вақт, нав ҷанг ба охир расида, нафаси тоза мекашидем. Дилҳоямон пур аз орзу буд, гумонамон зиндагӣ ҳаргиз поён намеёбад. Чӣ қадар ҷавонҳои таҳҷоӣ аз қафоямон медавиданд. Аммо… имрӯз ё пагоҳ офтоби умри ману ту низ ғуруб мекунад.

– Чӣ илоҷ! – гуфт кампири айнакӣ оҳ кашида. Ин садои ҳазини ӯ гӯё  бо худ як ҷаҳон ғаму ҳасратро берун овард. – Умр бевафо аст. Он ҷавонҳо низ мисли мо пир шуданд, дигар аз қафои духтарҳо намедаванд, мисли мо ба зӯр асояшонро мекашанд… Медонӣ чӣ, Роза, ман вақтҳои охир тез-тез айёми кӯдакиамро хоб мебинам: падару модарам, додару хоҳараконам медароянд ба хобам. Ва чун бедор мешавам, мисли одами ташна дар биёбон, ки ҷониби чашма медавад, мехоҳам ба ватанам баргардам… дар ҳамон ҷо хок шавам.

– Аслан ту куҷоӣ будӣ?

– Зодгоҳи ман як деҳаи зебоманзарест дар ҷангалзори  кишвари Олтой. Зарече ном дорад он.

– Ягон хешу табор дорӣ он ҷо?

– Не. Як додар доштам, бист сол пеш фавтид. Фарзандонаш ҳастанд, аммо онҳо аллакай бегона шудаанд. Бадабахтии мо, русҳост, ки як пушт он тараф риштаи хешу табориамонро меканем. Аммо мардуми таҳҷоиро бин – ҳафт пушташонро пос медоранд.

– Дуруст, – тасдиқ кард Роза. – Аммо агар ту дар он ҷо ягон хеш надошта бошӣ, ба дари кӣ меравӣ?

– Ба хонаи пирон… ягон интернат будагист охир!

– Худо медонад. Дар замони шӯравӣ ба қадри пирон мерасиданд. Ҳоло агар пул надошта бошӣ, ба саломи худоият низ касе алейк намегирад.

– Намедонам, – оҳ кашид кампири айнакӣ. – Лекин мехоҳам қабрам дар анбӯҳи тӯсзор бошад. Қабристони деҳаамонро то ҳол аз ёд набаровардаам. Ҳар сол айёми иди пис ҳамроҳи модарам мерафтем онҷо.

– Ман, рости гап, зодгоҳамро ёд надорам, – гуфт Роза. – Дар хурдсолиам, баъди фавтидани  падару модарам, одамони савобҷӯй маро ба сағирахона супоридаанд.

– Ба ту осон, ягон ҷойи дилкашолӣ надорӣ.

– Умуман пас аз мурдан чӣ фарқ дорад, ки колбади маро дар куҷо таги хок мекунанд.

– Чунки ту аз зодгоҳат ягон хотира надорӣ, онро пеши назар оварда наметавонӣ. Аз як тараф ин нағз, азоби рӯҳӣ намекашӣ. Аммо ман…

– Ту ҳам беҳуда худатро азоб надеҳ, ба ҳамин хоку об дил банд, дӯст дор онро. Охир аз нисф зиёди умрат дар ҳамин ҷо гузашт.

– Наметавонам. Гуфтам-ку, то ҳол хобҳои кӯдакона мебинам.

– Худатро бо Олга Сергеевна қиёс бикун. Дигар ба ӯ чӣ фарқ дорад, ки дар кадом сарзамин хок мешавад?

– Надонистам… Воқиан, ту аз куҷо медонӣ, ки Олга Сергеевна ба маргаш розӣ буд? Оё вай ба ту ягон гап гуфта буд?

– Не, ҳеҷ чиз нагуфтааст. Аммо аз ҳасраташ рамуз мегирифтам. Азоби вай низ мисли ман зӯр буд.

Ҳарду чанд лаҳза хомӯш ба офтобе  ки ғуруб мекард, дида дӯхта нишастанд.

– Роза, ту мурдан мехоҳӣ? – пурсид ногаҳон кампири айнакӣ.

– Мурдан? – лаҳзае андешаманд бо назари суол аз ҳамроҳаш чашм наканд Роза. -  Биё, беҳтараш ба мағоза равем. Мегӯянд, ки нисфирӯзӣ қаймоқи тоза оварданд.

Онҳо ҳарду ҳаросон кӯчаи сермошинро ҳаросон убур карда, ҷониби мағозаи шафат роҳ пеш гирифтанд.

Истироҳат
(ҳикоя)

Духтури бемориҳои қалб Сафар Муқим рӯзи чорум буд, ки дар осоишгоҳ истироҳат мекард. Дар як палатаи наонқадар кушод ду нафар ҷой гирифта буданд. Дина ҳамхонаи ӯро мӯҳлати роҳхаташ ба охир расиду ба хонааш рафт. Алҳол кати вай холӣ буд.

- Ассалому алейкум, – овози касе риштаи хаёли Сафар Муқимро, ки дар кати худ дароз кашида буд, барканд. Вай аз ҷой нимхез шуда, ба қафо нигарист ва дар дами дар марди ношиносеро дар даст борхалтаи наонқадар калон дида, чанд лаҳза ба рӯи вай ба маънии «Ягон хизмат буд?» нигоҳи суолмез дӯхт. Вақте ки мард қадаме пеш монд, Сафар Муқим ба саломи ӯ ҷавоб дод.

Марди тахмин чил-чилу панҷсола ба утоқ ворид шуд.

- Агар хато накарда бошам, хонаи дувоздаҳ аст.

- Бале. Хато накардед.

- Биёед, шинос шавем. Номи ман Исроил.

- Бисёр хуб. Сафар Муқим, – дасти ба сӯяш дарозшудаи мардро гирифт Сафар Муқим.

Мард борхалтаашро назди кати холӣ гузошта, нишаст.

- Ба ман дар ин хона ҷой доданд.

- Бисёр нағз.

- Шароити ин ҷо хуб аст?

- Барои табобат мешавад.

- Ман дар умрам бори аввал ба истироҳатгоҳ омадам. Чанд сол боз меъдаам азоб медиҳад. Духтурон маслиҳат доданд, ки ақалан бист рӯз дар ин ҷо истироҳат карда, аз обаш шикамсерӣ бинӯшам. Мегӯянд, ки барои меъда фоида дорад.

- Дуруст, обаш малҳами ҷон.

- Мо, мардум, бародар якумр кор, зану рӯзгор, гуфта, саломатиамона бой медиҳем.

- Шумо чӣ кораед?

- Муаллими забон ва адабиёт.

- Аз роҳи дур омадед?

- Бале.  Аз Сангоб.

Сафар Муқим шояд хаёлан роҳро то Сангоб пеши назар овардан хост, ки чанд лаҳза ба андеша рафт. Исроил аз ин фосилаи ба миён омада ба тарзи худ рамуз гирифта, афзуд:

- Шумо ягон бор дар тарафҳои мо будед?

- Не, гузорам наафтидааст.

- Дар куҷо кор мекунед?

- Ман духтур, дар пойтахт кор мекунам.

- Оҳо, магар духтурон ҳам касал мешаванд?

- Онҳо ҳам одаманд, тани гарм бедард намешавад. Аммо ман бемор нестам, барои истироҳат омадам. Ҳар сол мураххасиамро дар ягон осоишгоҳ гузаронида, хастагии яксоларо мебарорам. Соли гузашта дар «Зумрад» будам.

- Ба шумо, шаҳриҳо,  ҳаваси кас меояд. Дар баробари кор кардан истироҳат ҳам карда метавонед. Аммо мо, қишлоқиҳо, умри азиза дар байни оғилу каҳдон, хоку лой, гову гӯсфанд  мегузаронем. Шабу рӯз аз паи ташвиши рӯзгор нафаҳмида мемонем, ки саманди умр ба марра расидаасту дигар илоҷи баргаштан нест. Масалан, умри ман ба таки панҷоҳ расиду чи хеле ки гуфтам, ба тамошои ягон шаҳр нарафтам, дар ягон ҷой дам нагирифтам. Баъзан алам мекунад, ки наход танҳо барои меҳнат кардан ба дунё омада бошам.

- Меҳнат кардан ягон ҷойи бадӣ надорад, – гуфт Сафар Муқим, ба оҳанги насиҳат. – Олимон мегӯянд, ки маймун дар натиҷаи меҳнат кардан ба одам табдил ёфтааст.

- Астағфируллоҳ гӯед, ҳамаи моро худованди бузург халқ кардааст. Маймунро низ ӯ маймун офаридааст.

Сафар Муқим, лабонаш моил ба табассум, суханашро идома дод.

- Дар баробари меҳнат истироҳатро низ фаромӯш накардан лозим. Барои чӣ давлат ҳар сол ба мо як моҳ рухсатӣ медиҳад? Барои он ки табъи дил истироҳат карда, нерӯи тӯли як сол дар кор сарф кардаамонро аз нав барқарор кунем. Ман ин гапро ба шумо ҳамчун табиб мегӯям.

- Гапатон дуруст, аммо ташвиши рӯзгор имконият намедиҳад. Чӣ хел фаҳмонам ба шумо, – гуфт Исроил ва аз ҷой хеста, борхалтаашро аз замин бардошта, болои мизи хурдакак, ки дар назди тиреза гузошта шуда буд, монд ва даҳони онро боз намуду аз дарунаш банкаеро гирифта, ба Сафар Муқим рӯй овард.

- Дар инҷо хӯрок медиҳанд?

- Албатта. Баъди ним соат ба ошхона меравем.

- Чӣ медиҳанд?

- Асосан хӯрокҳои парҳезӣ.

- Пеш аз омадан аз бозор ду килло гӯшти гӯсфанд харида, ба янгаам фармудам, бирён карда, дар банка гирифт. Биёед, якҷоя хӯрем.

- Шумо баҳузур, ман ҳозир ошхона меравам.

- Не, бародар,  ин хел намешавад. Ман хӯраму шумо нигоҳ карда шинед? Намешавад.

Исроил банкаи гӯштро болои миз гузошту аз дохили борхалта як фатири равғанин низ баровард.

Ҳарду шикамсерӣ гӯшту нон хӯрданд.

- Агар меъдаатон дард кунад, гӯшти бирён нахӯред, – гуфт Сафар Муқим, аз обдони шишагин ба истакон оби маъдан рехта, – зарар дорад. Умуман чизи бирён ва дерҳазмро ба даҳон нагиред, ба меъдаатон зӯр меорад. Хӯрдани ана ин фатири равғанин низ маслиҳат дода намешавад.

- Гапи бекор, – даст афшонд Исроил. – Дардро, ки худо дод, рӯзе шифояшро низ медиҳад. Дигар ҳама чиз – дорую дармон, муолиҷаю парҳез, – баҳонаю сабаб.

Сафар Муқим дигар ба андешарониҳои муаллим аҳамият надода, дар рӯи кати худ дароз кашид ва аз зери болишташ китоберо гирифта, ба хондан шурӯъ кард.

- Ин чӣ китоб аст? – пурсид Исроил.

- «Доғистони ман» – и Расул Ғамзатов. Хондаед?

- Не, бори аввал мешунавам. Номи муаллифаш тоҷикӣ… Расул номи нағз.

- О, бародар, шумо чӣ хел муаллими забон ва адабиёт, ки чунин як шоири номдора намешиносед.

- Ба худо бори аввал мешунавам. Вай тоҷик аст?

- Қандата зан! Доғистонӣ!

- А, мебахшед, ака, ман муаллими адабиёти тоҷик. Ҳатто дар донишгоҳ ба мо адабиёти доғистона наомӯзонданд.

- Айб аст.

- Ака, росташа гӯям, давраи донишҷӯии мо ба солҳои навад рост омад. Ба худатон маълум, ки он солҳо ҷанг буд, дарси дуруст ҳам нахондем.

- Ба ҳар ҳол ҳамин китобро хон. Бовар бикун, бисёр ҳам китоби нағз. Ман давраи донишҷӯиям хонда будам, дирӯз дар китобхонаи ин ҷо чашмам афтиду бо худ гирифтам, то дубора хонам.

- Дар бораи чӣ навиштааст?

- Аз номаш маълум-ку! Дар бораи ватанаш – Доғистон.

- Ака, ман ба шумо як гап мегӯям, хафа нашавед.

- Хӯш.

- Ҳар кас бояд ватани худаша дӯст дорад, таърихи халқи худаша омӯзад. Умри одамӣ кӯтоҳ аст, ба ҳамааш дасти кас намерасад.

- Ту ин китобро хон, баъд мефаҳмӣ, ки фарзанд бояд ватану миллати худро чӣ хел дӯст дорад.

- Ман бе хондани ҳамин китоб ҳам, медонам, ки ватанро чӣ тавр бояд дӯст дошт, – гуфт Исроил бо заҳрханда ва аз кисааш носхалта бароварда, ба кафи дасти росташ каме нос рехту чобукона онро зери забонаш партофта, илова кард. – Як каф хоки ватана кашида, кайф кунем. Намекашед?

- Не, – гуфт Сафар Муқим рӯй турш карда, – дар умрам ин гандагиро ба даҳон нагирифтам.

- Эҳ, ака, набошад аз як лаззати дунё бебаҳра мондаӣ. Носа кашад гулписар, тоза шавад мағзи сар, гуфтаанд.

- Агар ҳамун мағз набошад, чӣ?

Исроил гӯё луқмаи духтурро нафаҳмид, ки ҳеҷ чиз нагуфт.

Сафар Муқим низ дигар ба ӯ аҳамият надода, ба мутолиа машғул шуд. Исроил баъд аз се-чор дақиқа аз ҷой хеста, ба балкон баромад ва носи даҳонашро ба поён туф карда баргашту аз нав ба тахтаи пушт дароз кашида, гуфт:

- Ака, ман дар ин ҷо кайфу сафо карда, истироҳат дорам, аммо мавсими каҳу ғалла мегузарад. Зимистон бузу гӯсфандон ва як гову хар онаи зорама нишон медиҳанд

- Нафаҳмидам.

- Ҳозир аз балкон дидам, ки як нафар аз сари баландии шафат ду хар хас буд ё коҳро пеш-пеш карда, нишеб шуд. Ман як моҳ пеш аз хона баромада будам. Бист рӯз дар беморхонаи Душанбе хоб кардам. Баъди муолиҷа духтурон маслиҳат доданд, ки дар ҳамин осоишгоҳ бист рӯз дам бигирам. Каме пул доштам, ба акаам, ки дар донишгоҳ дарс мегӯяд, додам, хеле давутоз карда, як роҳхат ёфта дод. То бист рӯз дар колхози мо мавсими дарав ба охир мерасад. То ман баргашта ба хона меравам, ки дар саҳро як дандонков ҳам хас намемонад. Мардум лесида, тоза мекунанд… Ин зимистон рӯзам мезояд.

Исроил шояд як даҳон сухани тасаллибахши Сафар Муқимро интизор буд, ки чанд лаҳза аз рӯи вай чашм наканд. Аммо Сафар Муқим аз китоб чашм набардошт.

- Беҳуда ман гапи ҳамон духтура гирифта ба ин ҷо омадам, – гуфт худ ба худ Исроил. – Бояд рост хона мерафтам. Ҳай дареғ, вақт беҳуда меравад. Ака, ман метавонам пули роҳхатамро баргардонида гирам?

- Намедонам, – гуфт Сафар Муқим, аз болои китоб сар бардошта.

- Хато кардам. Беҳуда ба воҳимаи духтурон бовар кардам.

Исроил аз ҷой хеста, балкон баромад ва баъд аз чанд дақиқа баргашта, рӯи кат дароз кашиду аз Сафар Муқим, ки ҳамоно машғули китобхонӣ буд, чашм наканда, гуфт:

- Дар он ҷо мавсими каҳу дон мегузараду шумо бошед, мегӯед, ки ин китоби нағза гирифта хон. Тавба!

Антагонизм
(ҳикоя)

Ба ёди бародари ҷавонмаргам Рустам Маҷидов

Онҳо,  яке марди газгӯшти сиёҳҷурда ва дигаре қадпасти кулӯла , ки риши кӯтоҳ қайчизадааш мисли ангишт сиёҳ буд, дар чойхонаи лаби рӯд нишаста, чой менӯшиданд. Марди газгӯшт, ки Ёқуб Раҳмон ном дошт, чандин сол дар мактаби деҳа муаллиӣ карда, ҳамин қарибиҳо ба нафақа баромада буд. Ҳамнишасти ӯ – Ҳоҷӣ Халил то дирӯз ба ном дар кадом корхонаи ноҳия кор мекард, аммо рӯзаш ба савдогарӣ мегузашт. Чанд сол пеш барои ин амали ғайриқонуниаш якуним сол дар маҳбас низ нишаста буд. Аммо ҳозир вай одами обрӯманди деҳа буд. Бо кӯмаки ду писари тоҷираш ду маротиба ба зиёрати хонаи худо мушарраф гардид. Акнун пиру ҷавони деҳа ӯро бо эҳтиром Ҳоҷӣ Халил ва ё Бобои Ҳоҷӣ ном мебурданд. Аммо баъзан дар ғайбаш Халил-макарон низ мегӯянд. Таърихи чунин лақаб гирифтани ӯ бисёр аҷиб аст. Онро на танҳо дар Сангоб, балки сокинони деҳоти атроф низ нағз медонанд.

Чанд сол қабл, Халил, ҳангоми ба савдогарӣ машғул буданаш, боре ба Душанбе рафта, дар Фурӯшгоҳи марказӣ барои харидани як навъ матои серхаридор дар навбат меистад. Аммо дар ноомади кор ҳоло навбати ӯ нарасида, фурӯшанда эълон мекунад, ки дигар беҳуда навбат напоянд, матоъ тамом шуд. Халил ҳамроҳи чанд нафар бахтбаргаштагон маъюс мешавад ва пас аз пароканда шудани харидорони дигар аз фурӯшанда илтиҷо мекунад, ки бо нархи баланд бошад ҳам, аз ҳамон матоъ як тӯб пайдо кунад. Аммо фурӯшанда ҷавоби рад медиҳад. Ҳамин вақт як марди хушлибоси зиёинамо Халилро ба гӯшае бурда мегӯяд: Мебинам, ки аз роҳ дур омадаеду ноумед шудед. Агар ҳамин навъ матоъ бисёр зарур бошад, метавонам ба шумо ёрӣ расонам. Хулоса гапашон мепазад ва Халил дусад сӯми дар ҷайбаш бударо ба он мард медиҳад. Мард бошад, дипломати дар дасташ бударо ба ихтиёри Халил гузошта, таъкид мекунад, ки эҳтиёт кунад, дар даруни он ҳуҷҷатҳои муҳим дорад. Ва мард ба дари даромади хизматчиёни фурӯшгоҳ даромада меравад.

Халил қариб як соат дар дами дар роҳи марди ҳоҷатбарорро мепояд. Аммо аз ӯ дараке намешавад. Оқибат тоқати Халил тоқ шуда, ба як милиса арз мекунад. Милиса ба ӯ мефаҳмонад, ки ин дар ба ҳавлии фурӯшгоҳ мебарояд ва ҳавлӣ ду-се дарвозаи баромад дораду ӯ, Халил, ба доми қаллобе афтодааст. Баъд Халил дар ҳузури милиса дипломатро мекушояд, ки он пур аз макарони арзон.

Ҳамин тариқ лақаби «Макарон» ба гӯши Халил ҳалқа шуд.

Дар чойхонаи хурдакак ҳамагӣ чор кати чӯбин гузошта шуда буд. Онҳо яке аз он катҳоро соҳибӣ карда, дар ду кунҷи он рӯи кӯрпача менишастанд. Дар байнашон як чойник чой ва дар лаълича як каф қанди печак гузошта шуда буд. Ҳарду ба фурҷа чой менӯшиданду аз ҳар дар сӯҳбат мекарданд.

Ҳамин вақт каме дуртар аз чойхона мошини милисионери деҳа омада истод. Милиса ҳамроҳи ду зан аз мошин фуромад ва сипас сандуқи қафои мошинро боз карда, як сӯмка ва ду халтаи пурборро берун оварда, ба замин гузошт.

- Бизнесменҳо омаданд, – гуфт Ҳоҷӣ Халил, пиёлаи дасташро болои дастархон гузошта. – Чӣ оварда бошанд? Акнун занону духтарони деҳа ду-се рӯз хобу хӯрро гум мекунанд, кисаи чанд камбағал холӣ мешавад, – табассуми фарох кард вай.

- Намедонам чӣ хел замин ин ду қаллобро мебардорад, – гуфт Ёқуб Раҳмон.

- Беминнат лозимиатонро ба дари хонаатон оварда диҳанд, боз қаллоб мегӯед, – изҳори тааҷҷуб кард Ҳоҷӣ Халил.

- Чӣ гӯям? Фаришта! Чӣ хел қаллоб нагӯям, ки ба духтарам ду метр куртавориро моли хориҷӣ, моли нағз гуфта, аз нархи аслиаш якуним баробар гарон фурӯхтаанд.

- Шумо нархи аслии онро аз куҷо медонед?

- Парерӯз ба маркази ноҳия рафта будам, дар як дӯкон тасодуфан чашмам афтид. Нархаша пурсида, ҳангам канд. Аз маркази ноҳия то деҳаи мо ҳамагӣ панҷоҳ километр. Наход… Фоидаи медидагиашон насиб накунад, ин инсофашона гург хӯрдагиҳора!

- Онҳо ҳамон либосвориро ба сари духтари шумо маҷбур бор накардагистанд?

- Албатта бор накардааст ва бор карда ҳам наметавонад. Аммо инсон бояд лафзи ҳалол дошта бошад, адлу инсофро донад. Духтарам ҳамон куртаро як об гирифта буд, ки рангаш парида, мисли латтаи кӯҳна шуд… Боз шуморо қаҳратон меояд, ки чаро қаллоб мегӯӣ!

- Қоидаи бозор ҳамин – бардорат зам кун, набардорат кам кун, гуфтаанд.

- Инсоф чӣ?! Дасти мардуми бечораро кӯтоҳ дида, талаву тороҷ кардан даркор набудагист.

- Э маълим, – даст афшонд Ҳоҷӣ Халил, – шумо аз зин фуромада бошед ҳам, аз узангу нафаромадаед. О вай фоида набинад, девона шудааст, ки ба чор тарафи дунё давида, савдогарӣ мекунад. Агар ба ману шумо молро ба нархи худаш оварда диҳад, хароҷоти роҳро аз кисаи кӣ пӯшонад?

- Болонархӣ монад, аммо бо эбаш.

- Росташро гӯям, шумо ба сарфаҳми ин корҳо намеравед. Беҳуда оташин шуда, сари худатон ва сари дигаронро гаранг накунед.

- Шумо сарфаҳм меравед, ришханд зад Ёқуб Раҳмон.

- Ман сарфаҳм меравам, албатта.

Занҳо ба милиса чизе гуфтанд, ки вай аз таҳти дил баланд хандид ва сипас хушҳолона ба мошинаш нишаста, онро ба самти муқобил гардонд ва чанги заминро ба ҳаво хезонда, бо суръати тез ҷониби идораи колхоз ронд.

- Аҷаб замонҳое шуд, а! – гуфт Ҳоҷӣ Халил, аз қафои мошин чашм наканда. – Милисаҳо дар хизмати савдогарон. Аммо ман… якуним сол умри ҷавонамро дар он ҷо хазон кардам. Барои чӣ!

- Гунаҳкор будед, қонуну қоидаи давлата вайрон карда будед, – гуфт Ёқуб Раҳмон, лабонаш моил ба табассум.

- Ҳеҷ гуноҳ надоштам. Мисли ана ин ду заиф савдогарӣ мекардам. Ҳам ҳоҷати мардумро мебаровардаму ҳам ризқу рӯзии бачаҳоямро меёфтам. Магар ҳамин кор гуноҳ аст?!

- Моли давлата аз магазинаш харида, бо нархи гарон ба халқ мефурӯхтед. Он вақт ин ҷиноят ҳисоб мешуд, мардумфиребӣ буд.

- Ҳм… мардумфиребӣ… О ҳамун мардум дар орзуи моли нағз мемурданду дар магазини давлат пайдо карда наметавонистанд-ку! Ман бошам, шаҳр ба шаҳр гашта, ёру ошноҳоямро ба кор андохта, ба фурӯшандаҳо болонархӣ дода,онҳоро ёфта меомадам. Бар зами ин роҳкиро медодам. Душанбеву Маскав паси кӯча нест, ки пиёда рафта биёӣ. Мардум, ки мӯҳтоҷ буданд, ба гарониаш нигоҳ накарда мехариданд. Онҳо хурсанд, ман – розӣ. Ин кор чӣ ҷои гандагӣ дорад!

- Ун давлат қонуну қоидаҳои одилона дошт. Агар касе онҳоро вайрон кунад, беҷазо намемонд.

- Ҳозир ҷазо намедиҳанд-ку! Худи давлат ба воситаи радиову телевизораш мегӯяд, ки ба савдогарӣ машғул шавед, аз кадом кунҷи дунё бошад, мол оварда фурӯшед. Мешудааст-ку!

- Ҳозир замони қаллобу муштзӯрҳо… ҳар кас худаш медонаду дави аспаш. Барои онҳо ба ғайр аз пул дигар ягон чизи муқаддас вуҷуд надорад. Хулоса, корди қаллобу шӯъбадабоз болои равған. Аммо ун давлат дигар буд, зӯр буд вай!

- Э гӯр ҳам набуд! Ҳамаро тайёрхӯр карда буд. Намемонд, ки одами чашмикордон озод нафас кашад.

- Яке аз чашмикордон шумо будед?

- Ҳа, ман будам! Ягон гап дорӣ?! Хуб шуд, ки ҳамун давлат дафъи мӯминон шуд! – якбора даргирифт Ҳоҷӣ Халил.

- Ҳаромгулӯҳоро чашми дидан надошт ун давлат, – гуфт Ёқуб Раҳмон оромона, – нони даҳонатро ҳалол меҳнат карда ёб, мегуфт.

- Чӣ, ҳозир магар одамон ҳалол меҳнат намекунанд?

- Мекунанд. Аммо рӯзашон базӯр мегузарад. Лекин давлати қаллобу фиребгарон рӯз аз рӯз зиёда мегардад.

- Э бас кунед! Шуморо кӣ маълумоти олидор мегӯяд.

- Сухани ҳақ сахт мерасад, а!

- Ба кӣ? Ба ман!

- Гапатро дониста зан, ҷулҳундӣ! Ҳурматат кардам наёз, аз худ нарав, – ба «ту-ту» гузашт Ҳоҷӣ Халил.

Ин муомила ба Ёқуб Раҳмон сахт расида бошад ҳам, ғалаёни дилашро ошкор насохта, ба ҳамон оҳанг суханашро идома дод.

- Масалан, шумо мисли ман нафақахӯр… Аз куҷо пул ёфта, ду бор ба ҳаҷ рафта омадед?

- Аввало ин ки, ту ҳамсанги ман нестӣ, худатро бо ман ба тарозу наандоз. Сониян, шукри худо, ман ду гулписар дорам, ки кӯҳро зананд талқон мешавад. Мисли писари ту рӯзи дароз муши коғазхӯр барин дар мактаб пилмида намегарданду аз паи зиндагиянд, тиҷорат мекунанд, дар бозор инро ба он зада пул меёбанд. Ту палағдамағзи маълумоти олидор медонистагистӣ, ки тиҷорат кардан гуноҳ нест. Ҳатто пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо ба тиҷорат машғул буданд ва мардуми тоҷирро дӯст медоштанд. Кару кӯр набудӣ, нағз медонӣ, ки ман аз пули бачаҳоям ба ҳаҷ рафтам.

- Дуруст, пайғамбарамон дарҳақиқат тоҷирони баинсоф ва баимонро дӯст медоштанд. Лекин шумо боре боре аз худ пурсидед, ки пули бачаҳои тоҷиратон меёфтагӣ ҳаром аст, ё ҳалол? Одам аз ҳамун пул ба ҳаҷ равад, зиёраташ қабул мешавад, ё не?

- Ҳой, ту бедин ҳарому ҳалолро чӣ медонӣ?! Магар ту набудӣ, ки чанд сол пеш дар мактаб бачаҳоро ту пинҳонӣ намоз мехонӣ, рӯза мегирӣ гуфта, истинтоқ мекардӣ. Ё аллакай аз ёдат рафт! Ту фаромӯш карда бошӣ ҳам, халқ фаромӯш намекунад.

- Ман чӣ хел муаллим будам, халқ нағз медонад. Шумо аз номи халқ гап назанед. Лекин одамон дар бораи шумову писаронатон чӣ мегӯянд донед, зарар надорад.

- Чӣ мегӯянд?! – аз ҷой нимхез шуд Ҳоҷӣ Халил.

- Медонед, ки писари калониатон дусад килло анори Салим-боғбонро, ки ба нияти сари писарашро ҷуфт кардан бо як азоб то чиллаи зимистон нигоҳ дошта, фурӯхтанӣ шудааст, бо тақал дуюним сомонӣ харида, дар бозори Душанбе кӯтара ҳар киллояшро панҷ сомонӣ ба савдо задаст. Ку, марҳамат карда гӯед, магар як бечораро фиребида, молашро муфт гирифта, сипас ба болояш як ракат нарх монда фурӯхтан, қаллобӣ нест магар! Ин гапи куҷо, ки савдогар баробари боғбону деҳқон даромад бинад.

Ёқуб Раҳмон, ки ин гапҳоро бо ҳаяҷону ғазаб ба забон овард, нафасгир шуд. ӯ чанд лаҳза гӯё таъсири сухани худро санҷидан мехоста бошад, хап ба рӯи Ҳоҷӣ Халил дида дӯхт.

- Медонистам, ки ману писаронамро бад мебинӣ, аммо то ба ин дараҷа буданашро чашмдор набудам, – Ҳоҷӣ Халил лаҳзае хомӯш монд ва баъд якбора шӯрид. – Мур, сӯхта-сӯхта мур, ҳасудхӯр!

- Ту мур, беимон! – паст наомад Ёқуб Раҳмон. – Ман ба боигарии ту қоил нестам ва қасам ба ҳама муқаддасоти олам ҳасад бурдан ба гӯшаи хаёлам ҳам наомадааст. Ин гапҳоро барои он гуфтам, ки ту беномӯс ҳаддатро шиносӣ, бо нӯки биниат осмонро нахарошӣ. Вақте дар маъракаҳои мардум бе пӯшт-пӯшт ба пешгаҳи давра мегузарӣ, як бор андеша кунӣ, ки оё он ҷои туст?

- Алам кард! – аз ғояти ғазаб нимхез шуд Ҳоҷӣ Халил. – Як замон ту бологузар будӣ, мо ягон гап мегуфтем? Акнун ту ҳам тоқат кун. Медонам, душвор аст, алам мекунад, аммо мардонавор тоқат кун. Осиё ба навбат, – беҳуда нагуфтааст халқ.

- Агар ту арзанда бошӣ, ки тоқат кунам. Лекин вақте мис даъвои тилло будан мекунад, тоқатам тоқ мешавад, эй бенрмӯс!

- Ман беномӯсам ё ту? – заҳрханда кард Ҳоҷӣ Халил.

- Ту, албатта. Беномӯс набошӣ, як поят дар лаби гӯру ришат то ҳол сафед намешавад?

- Э ту худат кистӣ, ки бо ман туву ман мекунӣ! – беихтиёр домани яктаҳашро афшонда, аз ҷой хест Ҳоҷӣ Халил. – Аҳмақ набошам, вақти ғанимати худро беҳуда сарф карда, сафсатаҳои ту бемағзро гӯш карда мешинам. Садқаи гап шавӣ ту, гадо.

Вақте Ҳоҷӣ Халил аз зинаҳо мефуромад, бо Искандар-қассоб дучор омад.

- Искандарбой! – гуфт вай бо овози баланд мад кашида. – Дина таъин кардам, наомадӣ?

- Дар хона набудам, Ҳоҷӣ-бобо, – гуфт Искандар-қассоб, бо ӯ дудаста вохӯрдӣ карда, – тинҷӣ буд?

- Ҳамон гӯсфанди парвоиро кушта медодӣ.

- Дина писаратон як пои гов гӯшт харида буд, аллакай тамом шуд?

- О ту медонӣ-ку, ман гӯшти гов намехӯрам… Забҳи гӯсфандро низ то ба чашмонам набинам, гӯшташро намехӯрам.

- Қассобҳо гӯшти фурӯширо низ бо дасташон мекушанд, -  хандид қассоб.

- Оббо, гапа бисёр накарда, биё! – норозиёна гуфт Ҳоҷӣ Халил. – Мошин фирист гӯӣ, шукри худо дар ҳавлӣ се мошин ҳаст, бифиристам.

- Меоям, Ҳоҷибобо, – гуфт қассоб даст пеши бар. – Мошин лозим нест.

- Ҳа, биё, бачам, дуо мекунам, – гуфт Ҳоҷӣ Халил ва қоматашро рост гирифта, роҳашро идома дод.

- Э рӯи ту барин ҳалолхӯр сиёҳ, – гуфт Ёқуб Раҳмон, бо нафрат ба замин туф карда ва баъд аз чанд дақиқа ӯ низ аз чойхона баромада, сараш хам ҷониби хонааш рафт.

Ду некӣ
(ҳикоя)

Дари утоқи кории муфаттиши ҷавон Далер Сангиновро оҳиста кушода, марди тахмин шасту панҷ-ҳафтодсолае сар халонд.

- Мумкин, писар? – пурсид вай ва иҷозати муфаттишро мунтазир нашуда, тиқ-тиқ асозанон ворид шуд.

- Марҳамат, биёед, – аз ҷой хест муфаттиш.

- Ҷеғ зада будӣ? – як пора коғази дасташро дароз кард мард.

- Шинед, падар, – гуфт муфаттиш яке аз курсиҳоро, ки дар зери миз ботартиб гузошта буданд, ба қафо кашида.

Мард бо як дасташ ба лаби миз ва ҳамчунин ба асои дасташ такя оварда, базӯр нишаст.

- Э вой, ҷонаме! Ин тарбоди сабил умрамро хазон кард, барвақт пир шудам. Пирияш ҳам як дарди бедаво будааст, писарам. Ҳама дардҳо мисли кана мечаспанд.

Муфаттиш бо ишораи сар суханони мардро тасдиқ намуд ва сипас коғазҳои гуногунро, ки болои миз бетартиб мехобиданд, ҷамъ карда, ба як кунҷи миз гузошт.

- Чӣ хизмат буд, писарам? – пурсид мард, баъди ба коғази вай чашм давонда, сар бардоштани муфаттиш. – Сарсон шудам. Худат медонӣ, деҳаи мо дар домани кӯҳ, то роҳи калон пиёдаю савора меоем. Имрӯз қариб ду соат мошин пойидам. Хайрият, як мошини боркаш омад. Илоҳо барака ёбад, ронанда, ҳарчанд кабинаш банд буд, маро ҳам ҷой кард. Секаса омадем дар як кабини танг. Тинҷист? Чӣ кор доштӣ ба ман?

Муфаттиши ҷавон, гӯё осори хастагиро дар чеҳраи мард меҷуста бошад, чанд лаҳза ба рӯйи пурожангу рангпаридаи вай дида дӯхта, гуфт:

- Тинҷӣ нест, падар. Агар кор намедоштем, беҳуда шуморо саргардон намекардем. Шумо қонуншиканӣ кардед.

- Нафаҳмидам.

- Бо айби шумо як ҷинояткор аз дасти нозирони тартибот гурехта, халос хӯрдааст… Ғуфрона мешиносед?

- Ғуфрон?.. – лаҳзае ба андеша рафт мард. – Ғуфрон… набераи Қурбона мегӯӣ?

- Ҳа, Ғуфрон Қурбонов.

- Мешиносам. Мо ҳамсояи девордармиёнем.

- Ана ҳамуна ҳангоми таъқиби кормандони милиса шумо дар хонаатон пинҳон кардаед.

- А! – мад кашид мард. – Вай чӣ гуноҳ доштааст, ки таъқиб кардаанд?

- Дар сари дуздияш дастгир карданӣ буданд.

- Акнун фаҳмидам.

- Мо бояд аз рӯйи қонун шуморо низ барои ҷинояткорро пинҳон карданатон ба ҷавобгарӣ кашем. Милисионер дар ҳавлиатон ӯро кофт?

- Ҳа, кофт.

- Чаро пинҳон кардед?

Мард дар ҷавоб хомӯш монд. Ҷуссаи хурдакак ва қомати хамидаашро ба асои дасташ такя дода, ноҷунбон менишаст вай. Танҳо чашми чапаш ноаён мепарид.

- Эҳ бачем! – гуфт ниҳоят вай сар бардошта мард. – Гапат дуруст, қонун чизи нағз, ба нафъи одамизод. Аммо, писарам, дар дунё қонуни зиндагӣ, ҳаққи нону намак ва подоши некӣ барин мафҳумҳо ҳаст.

- Вай ба шумо чӣ некӣ кардааст? – суол кард муфаттиш.

- Аз дасти дузд чӣ некӣ меояд… Аммо бобояш… Иҷозат деҳ, писар, ба ту як воқиаро ҳикоя кунам. Баъд ҳар ҷазоеро, ки ба ман раво мебинӣ, ихтиёрат.

- Ку, бишнавем, – дар курсии худ бароҳаттар ҷой гирифт муфаттиш.

- Пеш аз ҷанги Гирмон, ман он вақт панҷсола будам, ба сари оилаи мо мусибати гарон омад. Падарамро бо ҷурми «душмани халқ» ба ҳабс гирифтанд. Он солҳо бо ҳамин баҳона бисёр одамон ноҳақ нобуд шуданд. Корҳое ки имрӯз аз нигоҳи давлат хайр меҳисобем, он айём беамон таъқиб карда мешуд. Чандин одамон бо иғвою тӯҳмати нотавонбинон дар кунҷи маҳбас ҷон доданд. Писарам, гап байни худамон, имрӯз он ҳама бедодгариҳоро ба сари Исталини бечора мезананд, ки ба фикрам аз рӯйи адолат нест. Чаро, бигӯ. Исталин дар Маскав буд. Вай, албатта, қарор карда буд, ки бар зидди дуздону ғоратгарон ва душманони ҳукумати шӯроҳо муборизаи беамон бурда шавад. Аммо,  ун қонун баҳона, дар ҷойҳои худамон ба баъзе мансабдорону думравонашон Худо дод. Онҳо тару хушкро бо як дос даравиданд, барои ғарази шахсии худ одамони бегуноҳро низ ба доми марг тела доданд. Масалан… Ту, писарам, вақт дорӣ? Боз музоҳимат нашавам.

- Давом диҳед.

- Он солҳо дар деҳаи мо Розиқ ном як ҷавони чор кас медидагӣ зиндагӣ мекард. Номаш ба худаш муносиб, азбаски дар анбор мудир буд, ба ҳама корафтодаҳо кӯмакаш мерасид. Агар раис барои як килло гандум коғаз диҳад, вай кӯшиш мекард аз вай зиёдтар диҳад. Дар зиндагӣ чунин одамон ҳастанд, кам бошанд ҳам, ҳастанд. Ҳаёти худро зери хавф мегузоранду мехоҳанд ба касе некияшон бирасад. Табиаташон чунин аст. Хулоса, ана ба ҳамон Розиқ зани ҳамсояаш ошиқ мешавад. Шавҳари зан, ки дар колхоз табелчӣ буд, аз рашку ғазаб Розиқро, ба дастаи ғоратгарону гурезагони ҷанг, ки он вақт дар кӯҳҳо пинҳон мешуданду шабона ба хонаи мардум шабохун зада, дороияшонро мерабуданд, ҳамдастӣ мекунад, гӯён ба бало печонд. Аввал мардум бовар накарданд, аммо шабе ки хонаи раисро дузд зад, чанд нафар Розиқро дар дашт дидаанд, ки гови шаб наомадаашро меҷустааст. Аммо раис ба ин гапи ҷавон бовар накарда, ба ноҳия хабар дод ва худи ҳамон рӯзро Розиқро бурданду дигар касе зинда ё мурдаи ӯро надидааст.

Гап дароз шуд… Ҳа, падари ман низ дар қатори ҳамин гуна одамон бегуноҳ зиндонӣ шуд. Ёд дорам, як рӯзи гулрези баҳорон ду нафар марди либоси низомипӯш дарвозаамонро кӯфтанд. Чи хеле ки гуфтам, ман он вақт панҷсола будам. Лекин хурдсол бошам ҳам, он рӯзро бо ҳама ҷузъиёташ нағз дар хотир дорам. Мисли навори кино аз пеши назарам мегузаранд он рӯзҳо. Аз афташ, то рӯзи қиёмат аз ёд намебарам. Зеро рӯзи бадро фаромӯш кардан муҳол будааст. Ҳар қадар аз он гурехтан хоҳӣ ҳам,  мисли соя ҳамеша дар барат мегардад, ки ана ин ман!

Хулоса, вақте ки ду марди низомипӯш ба ҳавлиамон даромаданд, ман ҳамроҳи падару модарам дар таги айвон нонушта мекардем. Дар поёни боғ амаки Қурбон – бобои ана ҳамон Ғуфрони гуфтагият, як пал замини моро побел мекард. Онҳо, мардони низомипӯш, пеш аз падарамро бурдан амаки Қурбонро ҷеғ заданд.

- Қурбон туӣ? – пурсид як нафари онҳо, ки аз чеҳрааш барфу борон меборид.

- Ҳа, – ҷавоб дод амаки Қурбон.

- Ту хизматгори ҳамин хонадонӣ?

- Не, ака, ман ҳамсояашон.

- Чаро замини ӯро побел мекунӣ? – гуфт вай, бо ишораи сар падарамро нишон дода.

- Дастёр надоранд, – гуфт амаки Қурбон. – Писарашон ҳоло хурд, ба бел бардоштан зӯраш намерасад.

- Худаш чӣ? Аз хӯрдану хобидан хук барин дам кардааст-ку!

- Худашон… – сар ба зер афканд амаки Қурбон, – бемор.

- Ҳм, – писханд зад марди бадқавоқ ва ба ҳамроҳаш рӯ оварда, гуфт. – Шунидӣ? Бемор будааст.

- Духтур ҷеғ занам? – ба ҳамон оҳанг ҷавоб дод ҳамроҳаш.

- Чӣ лозим, ман худам духтур, – гуфт марди бадқавоқ. – Ҷарроҳ ман!

Ҳарду баробар хандиданд. Мо, чор нафар, дар пеши онҳо сархаму мулзам меистодем. Модарам беист ашк мерехт, ман бошам, аз тарс дарақ-дарақ  меларзидам.

- Чаро дурӯғ мегӯӣ, лаънатӣ! – ба шиками амаки Қурбон лагат андохт марди бадқавоқ. – Мо медонем, ки ту хизматгори дари онҳоӣ.

Баъд аз бағалкисааш коғази зардеро бароварда, ба таги манаҳи амаки Қурбон бурда:

- Ҳамааш дар ин ҷо ба тафсил навишта шудагӣ! – гуфт.

- Назанед ӯро, – қадаме пеш гузошт падарам. – Ба шумо ман даркор? Ина ман!

Он ду нафар падарамро пешандоз карда бурданд. Ва баробари аз дарвоза берун шуданашон модарам нохост аз ҳуш рафт. Ман худамро ба домани ӯ партофта, зор-зор гиристам. Амаки Қурбон аз зарби лагати он мард бо як азоб ба худ омада, аз ҷой хесту аз ошхона як пиёла об оварда, ба рӯйи модарам пошид. Ва баъд маро, ки аз тарс чун барги бед меларзидам, «Натарс, Камол, натарс!» – гӯён аз ҷой хезонд.

Мард гӯё нафасгир шуда, хомӯш монд.

Муфаттиш аз чойники болои миз ба ӯ як пиёла чой рехт ва баъд аз ҷой хеста, пардаи тирезаи барқадро ба ду тараф тела дод. Хона равшан шуд. Нурҳои офтоб аз байни шоху баргҳои дарахти чормағз, ки дар таги тиреза қад кашида буд, гӯё дуздида-дуздида нигоҳ мекард.

- Эҳ писарам! – пиёлаи холиро бо эҳтиёт лаби миз гузошта, нақлашро давом дод мард. – Ту аз куҷо медонӣ, ки он лаҳзаҳо амаки Қурбон барои мо чӣ қадру қимате дошт. Ман маҳз ҳамон рӯз бо ақлу фаросати кӯчаки худ дарк кардам, ки одам ба меҳри одамон чӣ тавр зор мешудааст. Як даҳон сухани хушу тасаллибахш он рӯзҳо барои ман қурби тиллоро дошт… Пас аз се рӯз ҳамон ду мард омада, амаки Қурбонро низ бурданд. Мегӯянд, ки ҳар қадар азобу шиканҷа додаанд, вай аз хизматгори дари мо буданаш қоил нашудааст.

- Воқиан ҳам, хизматгор буд? – пурсид муфаттиш.

- Азбаски падару модари бемор ва хоҳарону додаракони гурусна дошт, хизмати моро мекард: ҷуфт меронд,побел мекард, алаф медаравид, об меовард, ҳезум мекафонд, ба гову асп нигоҳубин мекард. Хулоса, хизматгор буд гӯем ҳам мешавад. Аммо дар оилаи мо ҳеҷ кас ба ӯ ҳамчун хизматгор муомила намекард. Вай пеш аз ҳама ҳамсоя ва гӯё узви оилаи мо буд. Ба ивази хизматаш падарам ба ӯ гандум ва гоҳо нону биринҷ медод.

Вақте ки падарамро ҳабс карданд, ҳама ҳамсояҳо, ҳатто хешу таборамон аз мо рӯй гардонданд. Ҳеҷ кас ба хонаамон намеомад, дар кӯча касе ба саломамон алейк намегирифт. Танҳо амаки Қурбон гоҳу бегоҳ аз дарвозамон даромада, ҳолу аҳвол мепурсид… Ана ҳамин хел корҳои дунё, писарам, – нақлашро хотима дод мард. – Акнун худат як андеша кун: оё ман ҳақ доштам, ки набераи чунин инсонро паноҳгоҳ надиҳам? Агар бошад, як пиёлаи дигар рез аз ҳамун чоят.

Мард баъди пиёларо аз дасти муфаттиш гирифтан, курсии худро пештар кашида, гуфт:

- Буду шуди гап ҳамин. Агар ман, чи хеле ки ту мегӯӣ, гунаҳкор ё қонуншикан бошам, марҳамат, ба дор каш.

Муфаттиш ҳамроҳи мард аз идора берун омада, дар саҳни ҳавлӣ ба як милисионер фармуд, ки мардро то истгоҳ гуселонад.

Човандоз
(ҳикоя)

Шиноснома, – гуфт лейтенант ба марди паҳлавонҷуссаи гандумгун рӯ оварда. Мард дар рӯбарӯи ӯ рост меистод. Вай яқин матлаби лейтенантро нафаҳмид, ки ҳаракате накард.

- Шиносномаатро деҳ мегӯям, – такрор кард лейтенант, бо кароҳат сар то пои мардро аз назар гузаронда. Мард дар сар кулоҳи моҳутии нимдошт дар тан нимтанаи чармини рангпарида дошт. Пойафзоли варзишиаш низ хеле кӯҳна буд.

- Шиносномаам дар дасти сержант, – гуфт мард.

- Сержант, шиносномаи ин ку? – ба милисионери қадбаланди уқоббинӣ, ки чанд қадам дуртар аз онҳо дар курсии мулоим менишаст, рӯй овард лейтенант.

Сержант дарҳол аз ҷой хеста, даст ба ҷайбаш бурд ва шиносномаро оварда ба лейтенант дароз кард. Лейтенант ҳарчанд чанд дақиқа шиносномаро бо диққат варақгардон карда, ному насаби мардро хонд, боз ба вай рӯ оварда, пурсид:

- Фамилия?

- Сангов, – ҷавоб дод мард.

- Ном?

- Асад.

- Мусофирӣ?

- Бале. Аз Тоҷикистон.

- Дар куҷо кор мекунӣ?

- Дар бозори Кузнечик… аробакашам.

- Чӣ гуноҳ кардӣ?

- Ягон гуноҳ накардам, рафиқ лейтенант.

Лейтенант қаламро болои қоғаз гузошта, ба мард чизе гуфтан мехост, ки сержант ду қадам пеш омада, ба вай муроҷиат кард:

- Рафиқ лейтенант, ман ӯро дар хиёбони Невский, дар болои кӯпруки Аничков дастгир кардам. Вай ба яке аз муҷассамаҳои асп, ки дар ду тарафи кӯпрук гузошта шудааст, савор шуданӣ буд.

Лейтенант нигохи суололудаи худро ба мард кӯчонда, пурсид:

- Рост мегӯяд?

- Рост, – сар хам кард мард. – Аммо, рафиқ лейтенант, ман ягон нияти бад надоштам. Танҳо хостам боре ба он асп савор шавам. Бисёр ҳам маъқул шуд, ба аспи ман монанд… Лекин, рости гап, аз аспи ман ҳам зебою чолоктар…

- Ту ҳушёрӣ ё девона? – аз ҷой хест лейтенант, – вай аспи зинда мешуд, гапи дигар буд. Охир, вай ҳайкал аст.

- Шумо маро фаҳмида наметавонед, – рост ба чашмони лейтенант нигарист Асад.

- Чиро намефаҳмам?

- Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки онро бо сухан баён кардан ниҳоят душвор.

- Боз террорист набошӣ? Ба нияти таркондан…

- Худо нигаҳ дорад, рафиқ лейтенант. Ман агар, чи хеле шумо мегӯед, террорист бошам ҳам, дар ду дунё аспро наметарконам. Асп барои ман мисли он ки шикорчӣ камонашро чун гаҳвараки чашмонаш эҳтиёт мекунад, азиз аст, муқаддас аст.

- Ту дар ватанат аспбон будӣ? Бишин чаро рост истодаӣ…

Мардро аз ин илтифоти милисионер чеҳрааш андаке шукуфта, ҷуръаташ зиёд шуд. Вай курсиро аз таки миз гирифта, нишаст ва дар лабонаш табассум гуфт:

- Не. Ман човандоз будам. Танҳо як асп доштам, ки бо он дар маъракаҳои бузкашӣ иштирок мекардам. Мо дар тӯйҳои худ чунин як мусобиқа барпо мекунем. Бузкашӣ ном дорад.

- Пойгаҳ?

- Пойгаҳ гӯем ҳам мешавад. Лекин мо мисли пойгаҳи шумо хушку холӣ ба сари марра намеоем. Дар оғози маърака бузеро сар бурида ба замин мегузорем ва қариб панҷоҳ-сад аспу човандоз ба сари он часпу талош мекунанд. Касе, ки онро аз замин бардошта, то ба марра расидан аз даст надиҳад, соҳиби мукофот мешавад.

- Мукофота кӣ медиҳад? – пурсид лейтенант.

- Соҳиби тӯй.

- Танҳо як мукофот?

- Не. Даҳ-понздаҳто.

- Оҳо! – нидо кард лейтенант, – аз куҷо меёбад ин қадар пулро?

- Мо, мардум, тамоми умр пул пасандоз мекунем, ки як бор ба мардум нағзакак ошу нон диҳем, базму бозӣ кунем.

- Ин қадар хароҷоти беҳуда ба чӣ хотир?

- Таомуламон ҳамин хел.

Лейтенант, гӯё он базму бозӣ ва тӯю тамошоеро, ки мард дар бораи он ҳарф мезад, пеши назар овардан мехрст, ки чанд лаҳза нигоҳи хаёлолуди худро аз рӯи ҳамсӯҳбати хеш наканд. Ва баъд шояд беҳуда будани ин кӯшиши худро фаҳмид, ки худ ба худ даст афшонда, гуфт:

- Хайр, аспбоз, гап зан, бо ту чӣ кор кунем?

Асад бо аломати «худатон медонед» сар ҷунбонд.

- Ту ба ман аниқ нагуфтӣ, ки барои чӣ ҳайкалро савор шудӣ. Наход фақат аз ишқи зиёдат ба ин ҷонвар?

- Рафиқ лейтенант, магар ягон човандоз, умуман инсоне, ки  як бор дар хонаи зини асп нишаста, йӯрғаи онро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кардааст, метавонад аз назди чунин аспи зебо, бигузор вай ҳайкал бошад, бефарқ гузарад. Шумо ягон бор ҳамон ҳайкалро дидаед?

- Не, надидаам, – гуфт тамасхуромез лейтенант. – Ту аз ким-кадом гӯшаи дунё омада дидиву ман дар ҳамин шахр таваллуд шуда надидаам.

- Барои саволи беҷоам бубахшед, – узр пурсид Асад, – вақте имрӯз чашмам ба он асп афтид, аз ҳаяҷон намедонистам чӣ кор кунам… Ҳазорон раҳмат бар падари ҳайкалтароше ки муҷассамаи чунин аспи зеборо офаридааст. Аниқ вай ҳам ошиқи асп будааст. Агар не, чӣ тавр метавонист дар санг чунин зебоиро таҷассум намояд. Не, не одами оддӣ, ҳарчанд истеъдоди фавқулодда дошта бошад ҳам, қудрати офаридани чунин шоҳасарро надорад. Ин ҳайкал не, балки аспи зинда аст. Хаёл мекунӣ, ки ҳамин ҳозир аз дасти ромкунандаи худ раҳо ёфта, чорхез мезанад. Хулоса, аввал хуб тамошо кардам, сипас аз суратгире, ки дар даст асбоби аккосӣ хоҳишмандонро сурат мегирифт, хоҳиш кардам, ки дар манзари муҷассамаи ин аспи зебо акси маро низ бигирад. Баъд бо суратгир ҳисобӣ карда, азбаски мизоҷе надошт, ҳарду хеле сӯҳбат кардем. Суратгир низ одами хушчақчақ будааст. Дар бораи таърихи ин муҷассама хеле маълумот дод. Нохост дар дилам чунин ҳавас пайдо шуд, ки як бор ба ин аспи зебо савор шуда, аз ёлҳои оҳанинаш дорам.

- Хоҳиши аҷиб, – луқма партофт лейтенант.

- Шумо, ки аспсаворӣ накардаед, лаззати онро намедонед, – гуфт Асад андаке худписандона.

- Ин қадар аспсавори моҳир бошӣ, дар ватанат аспсаворӣ карда гард буд, – яқин аз таънаи Асад ранҷида, якбора овозашро баланд кард лейтенант. – Кӣ туро маҷбур кард, ки аспатро, зану кӯдаконатро партофта ба ин дуриҳо биёӣ.

- Тангдастӣ, – сараш андаке хам, посух дод Асад.

- Мехоҳӣ, ки пул ҷамъ куниву баъд ҳамаашро дар як тӯй ба боди фано бидиҳӣ?

- Бале, – табассум кард Асад.

- Ба худо, ки шумо мардум девонаед. Ман дар тӯли ин чанд соли охир садҳо ту барин мардикоронро вохӯрдам… Охир, шумо бо чӣ азобу сахтиҳо чор танга ҷамъ мекунеду чаро ба қадри он намерасед, а!

- Урфу одатро риоя кардан лозим, рафиқ лейтенант. Агар не, радди маърака мекунанд.

- Э хок бар сари ҳамун урфу одат.

- Чӣ кор кунем, ки аз бобою бобокалонамон мерос мондааст.

- Мерос мондааст, гуфта, ба ҷони худатон ҷабр мекунед. Ту дар ватанат чӣ кора будӣ?

- Муаллим.

- Маълумоти олӣ дорӣ?

- Бале.

- Ҳозир аробакашӣ мекунӣ. Ба хотири чӣ? Барои он ки пул ҷамъ куниву ба мардуми бисёр ош диҳӣ?

- Албатта, ҳама танҳо барои тӯй пул ҷамъ намекунанд. Зиндагӣ…ҳазор каму костӣ дорад. Ман худамро барои мисол гуфтам. Худатон бояд фаҳмед, рафиқ лейтенант, дар ватани мо ҷои кор нест. Заводу фабрикаҳо кор намекунанд. Аммо зиндагӣ кардан даркор. Як шоири классики мо чунин байте дорад:

Зиндагӣ бар гардан афтодаст, Бедил, чора чист,

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Асад ба таври худ ин байтро ба русӣ тарҷума кард.

- Гапат дуруст. Бе гуфтани ту ҳам ҳамаашро медонам. Ҳар рӯз даҳ-понздаҳ ҳамшаҳриҳои ту меҳмони мо мешаванд. Ана ҳамин хел, мисли ту, бо онҳо низ рӯбарӯ нишаста сӯҳбат мекунам. Аммо… Чандин нафарашон иброз доштанд, ки бо пули мардикорӣ расму таомули аҷдодиро ба ҷо меоранд, Яъне писарчаашонро хатна мекунанд. Ба худо шумо мардуми нодонед, фаҳмидан душвор шуморо. Ё аз ҳад доноеду мо, русҳо, ҳеҷ сарфаҳм намеравем?

Лейтенант чанд дақиқа озмоишкорона ба Асад дида дӯхт ва баъд маҳин табассум карда, аз ҷой хест.

- Хайр, човандоз, бо ту чӣ кор кунем? Боз ҳайкалсаворӣ мекунӣ?

Асад сар хам кард.

- Воқиан ҳозир гуфтӣ, ки суратгир ба ту дар бораи таърихи он муҷассамаи асп ҳикоя кард. Ку бигӯ, чӣ таърих доштааст вай?

Асад мисли мактаббачае, ки дар назди муаллими сахтгир вазифаи хонагиро ҷавоб медиҳад, аз ҷой хеста, гуфт:

- Ин муҷассамаро Клодт ном ҳайкалтарош солҳои панҷоҳуми асри нуздаҳ офаридааст. Боз… Дар давраи Ҷанги бузурги ватанӣ, вақте ки фашистони лаин шаҳри Ленинградро ба муҳосираи дуру дароз гирифта, онро аз дуру наздик гулӯлаборон мекарданд, ҳайкали мазкурро дар боғи Қасри пионерон гӯронда буданд. Танҳо баъд аз муҳосира озод шудани шаҳр онро боз ба ҷои худаш гузоштанд.

- Оҳо, нағз-ку! Дарҳақиқат маълум, ки маълумоти олӣ дорӣ, – воқиан ҳам хурсанд шуд лейтенант ва коғазеро, ки чанд дақиқа пеш дар он ному насаби Асадро қайд карда буд, ғиҷим карда, ба сатили  ахлот партофта, гуфт:

- Бирав, човандоз, то ба ватанат баргаштан тоқат кун, дигар ҳайкали аспҳоро савор нашав.

Худкушӣ
(Ҳикоя)

Се нафар, одамони ба қавли худашон улфатӣ, рӯи майсаи лаби ҷӯйбори сероб нишаста, барои худ дастархон муҳайё мекарданд. Шояд онро дастархон гуфтан ҷоиз  набошад, зеро ба сифати дастархон як рӯзномаи ғиҷимшудаи кӯҳна паҳн карда шуда буд. Рӯи ҳамин дастархонро як шиша шароб, ду-се бех пиёзи анзур, як консерви килка, ним лунда нони сиёҳ оро медод.

—Ҳозир худамон як дастархони тӯёна муҳайё мекунем, — гуфт яке аз онҳо, марде,ки дар байнашон аз ҳама калонсол менамуд. Ва аз кисаи пиҷакаш тақрибан ним кило ҳасибро, ки дар як пора коғази зардранг печонида шуда буд,рӯи дастархон гузошт.

— Мисли ҳамон дастархони тӯёна, ки ҳозир моро аз сари он ронданд,—луқма партофт ҷавони гардандароз, ки рӯяш кунҷидмонанд доғ дошт,бо оҳанги тамасхур.

— Э Насим, вай дастархони чи буд! — даст афшонд мард.— Ҳозир мебинӣ дастархон чи хел мешавад.

— Рост, магар вай дастархон буд?! — ба гап ҳамроҳ шуд нафари сеюм, ки аз ғояти мастӣ қариб пинакаш бурда буд.— Дар рӯи дастархони мо ҳама чиз ҳаст…ҳатто моҳӣ! Ҷаноб, чи хел моҳӣ мефармоед? — ба Насим рӯй овард вай.— Судак, фазан, лаққамоҳӣ…

— Аҳмақ, ин килка аст! — ҳамоно бо итоб сухани ӯро бурид Насим.

— Насим ! — норозиёна ба ҷавон дида дӯхт мард. — Чаро худ ба худ  аз ҳар гап мисли хас дармегирӣ? — Ва баъд ғур-ғуркунон даҳони консерви моҳиро бо каҷкорди дастааш сиёҳ ба кушодан огозид.— Ҳозир маишат мекунем. Чӣ гуфтӣ, Шафтолу? — гуфт вай ба ҷавони дигар.

— Э!— яқин аз ном бурдани лақабаш норозиёна рӯй турш кард ҷавон. —О,ман ном дорам, Мусулмон номам.

— Чӣ?! — нешханд зад Насим.— Ту мусулмонӣ?! Кофарӣ ту, кофар. Мусулмон,а!  Дар интихоби номи ту падарат хато кардааст. Ҳамон лақаби Шафтолу ҳам ба ту зиёдатӣ. Аз шафтолу даҳони одамон ширин мешавад, ту бошӣ фачӣ!

— Бас, гуфтам,Насим — дарҳол ба мобайн даромад мард.

Мусулмон шояд аз ин туву мангӯиҳо, ки одатан бо муштзаниву гиребонгирӣ меанчомид, ҳаросида, маҷрои гапро ба дигар тараф гардонд.

— Ака, ту Самандара мешинохтӣ, а? — ба мард муроҷиат кард вай.

— Кадом Самандар?

— Ҳамоне, ки дина дар хонааш худашро овехт.

—  Наход? ӯҳ, бача, қаҳрамонӣ кардааст-ку!

— Чи, аз ташвиши зиндагӣ ҳаросида, панҷ нафар фарзанди хурдсолро ятим карда, худро овехтан магар қаҳрамонист? — шӯрид Насим. — Бар замми ин дар дини мо худкушӣ гуноҳест азим.

— Набошад-чӣ?! Ту гумон мекунӣ, ки ба гардани худ ҳалқа андохта, маргро рӯ ба рӯ хонда, ҷон додан кори осон аст. Бениҳоят мушкил аст ин кор, ҷӯра. Худо ба инсон ҷон ато мекунад ва танҳо худи вай метавонад осонакак онро бозпас гирад. Ман чандин одамонро медонам, ки ҳамагӣ чанд сония ба талвосаи ҷон кандан тоб оварда, ресмони гарданашонро ба дасти худ буридаанд. Аммо он ҷавонмард аз дами теғи марг натарсида, ӯро фаро хондааст. Шояд лаҳзаи охирин ба рӯяш писханд зада бошад, ки дидӣ, дигаронро аз эҳсоси ту баданашон ба ларза медарояд, аз тарс чашмонашон аз косахонааш мебарояд, аммо ман худам туро ба ҷанги тан ба тан ҷеғ задам.Қандаша занад мардак! Меарзад, ки барояш ҳайкал гузоранд. Агар ҳайкал гузоранд воқиан ҳам аҷиб мешавад, а! Самандар ба рӯи марг механдад, туф мекунад ва мисли ҳиндухое, ки рӯзҳои ид дар танашон либоси рангоранг, дар гарданашон гулчанбар филсавор дар кӯчаҳо сайр мекунанд, ба гардани марг савор шуда қоҳ-қоҳ механдад. Агар ту ҳайкалтарош мебудӣ сурати маргро чӣ гуна тасвир мекардӣ?

Насим ҷавоб надод.

— Ман, —  суханашро бо ҳамон оҳанг идома дод мард,— ӯро дар симои як марди девсурат, нохунҳояш дароз-дароз, мӯи сараш паҳну парешон, чашмонаш суп-сурх тасвир мекардам… Рез! — гуфт вай як истакони дусадграммаро аз   киса бароварда. — Барои Самандар менӯшем.

Мусулмон зуд истаконро аз шароб пур кард.

Ҳарсе банавбат якқадаҳӣ нӯшиданд.

— Ту бачаи баақлӣ, аммо баъзан гапҳои ҳавоӣ мегӯӣ,— пас аз қадаҳро нӯшидан ба Насим рӯй овард мард бо остини пиҷакаш лабонашро пок карда.— Мегӯӣ, ки худкушӣ кори осон аст…

— Э,бас кун! — миёни сухани ӯро шикаст Насим. Ба дилам зад ҳамин фалсафахонии ту. Тамоми мардуми олам худашонро овезанд. Кори ман чи! Маъқул бошад, овехтан гиранд.

— Не, ту аз гап нагурез.

— Хайр, ана. гапи ту маъқул. Худкушӣ дар ҳақиқат қаҳрамонист.Шуд? Ҷони ман халос?

— Ту, кӯдак, ба сари мана дод мезанӣ?

— Ман ба сари ту дод назадам .Гуфтам-ку гапи ту маъкул.Ман аввал аз камақлӣба решаи гапи ту сарфаҳм нарафтам. Мебахшӣ, ака, сад бор мебахшӣ.

— Ана ин гапи дигар, рез!

Онҳо,инак пайиҳам чандин қадаҳ бардошта, торафт маст мешуданд, беист сухани якдигарро бурида,гоҳо бо дӯғу пӯписа ва гоҳо каме ором шуда, ба якдигар гап фаҳмониданӣ мешуданд.

— Марг асал аст, — гуфт мард дар ҷои нишасташ алвонҷ хӯрда.— Аммо мо, инсонҳои беақл, ширинии ин зиндагии зормондаро аз он асал авло медонем. Мурда-мурда бори гарони зиндагӣ мекашем: шикамамон гоҳ серу гоҳ гушна, асабамон тарангу поямон нимбараҳна, диламон зиқ… Лекин зистан мехоҳем, дудаста аз домани зиндагӣ меқапем. Боре дар китоби як нависандаи амрикоӣ… номаш кӣ буд? — муддате бо кафи дастон сарашро дошт вай. — Ҷак…Ҷак.. Хайр, номаш муҳим нест. Ҳамон нависанда навиштааст, ки танҳо марг инсонҳоро аз азоби зиндагӣ раҳо мекунад. Аммо одамон ба оғӯши кушодаи вай бо дили нохоҳам мераванд… Дар ин ҷо чи сирре пинҳон бошад, а? Шафтолу, ту медонӣ?

— Мусулмон гӯед, ака, Мусулмон.

— О ҳозир ана ин мардаки нағз гуфт, ки ту мусулмон нестӣ… Кофарӣ! Биё, номи туро Кофар мемонем. Чӣ хел? Ба фикрам номи зебо! А, Кофар! Хайр, мебахшӣ, Мусулмон…гиреҳи ҳамин муамморо кушода метавонӣ?

— Рости гап, ман ҳам боре қасди худкушӣ кардам, — чашмонаш нимпӯш ба гап даромад Мусулмон.

— Ту ҳам худатро овехтанӣ будӣ? — пурсид мард.

— Не, овехтанӣ набудам. Мехостам аз боми бинои нӯҳқабата худамро партоям. Одам гоҳо дар роҳҳои каҷу килеби зиндагӣ раҳгум зада, ба ҳамин роҳ мерафтааст. Чи хел гӯям…Гоҳо аз танҳоӣ, баъзан аз нофаҳмии атрофиён, ё аз  вазнинии бори гарони зиндагӣ.

— Кадом падарқусур туро аз ин кори хайр боздошт? — пурсид Насим.

Мусулмон норозиёна ба рӯи вай чашм давонда, суханашрор  идома дод:

— Вақте ки лаби  бом омада, ба замин нигоҳ кардам, чашмам сиёҳи зад, ваҳм дар дилам хона кард. Зуд худро қафо кашидам.

— Чунки ту тарсуӣ! — дод зад Насим . — Як бандаи худозадаи ношудӣ!

— Кӣ ношуд? Ман?

— Ҳа, ту!

— Гапатро дониста зан, ҳаддатро шинос. Ман …

— Ту чӣ?! — ба таҳдид гузашт Насим. — Қаҳрамонӣ? Не-е, ту муши мурдаӣ! Агар не , ҳозир вақте ки ба баногӯшат як мушти обдор зада, шармандавор аз тӯйхона пешат карданд, думатро хода накарда, ақаллан як бор ба қафоят нигоҳ карда мегуфтӣ, ки чаро маро мезанед? Ман аз шумо чи камӣ дорам? Хайр, ману ин мардак бе даъват рафта будем. Аммо ту даъват шуда будӣ- ку! Моро  ҳам ба ҳолу  ҷонамон намонда, аз қафоят кашола карда бурдӣ.

— Айби худамон шуд, ба раққоса ноҷо часпидем.

— Айби худамон буд, — даст ба қуттии консерв бурд Насим. — Ҳозир ман ба ту, тарсончак, нишон медиҳам айбӣ кӣ буд.

— Ҳой, оқипадарҳо! — каҷкордро ба истакон зада, онҳоро аз муҷодала боздошт  мард. — Тӯйи худамонро ҳам вайрон накунед, охир! Ин нозу неъматро чаро пушти по мезанед, — якбора хандид ӯ. — Нӯшед, хӯред, маишат кунед аз давлати акатон.

— Тӯйатон саратонро хӯрад, — қуттии консервро гашта ба ҷояш гузошт Насим. — Ба бадам задӣ ҳардуят.

Мусулмон калавида аз ҷой хест.

— Куҷо? — таҳдидикунон мард низ аз ҷой нимхез шуд.

Ба хона … Дар хона худамро меовезам. Ман ба шумо нишон медиҳам қаҳрамонира. Оъ! Оъ! Ман ба шумо қаҳ… қаҳ… қаҳ… Уъ! Уъ!

Чеҳраи ошно
(ҳикоя)

Шодмон ба бӯрёкӯбони ҳамсояи  навашон каме таъхир карда омад. Аллакай ҳамсояҳо ҷамъ омада буданд, як хона пур аз одам буд. Баробари ба хона ворид шудани Шодмон ҳамагон ба истиқболаш аз ҷой хеста, ӯро ба пешгаҳ гузарониданд ва чун ба ҷойҳои худ нишастанд, соҳибхона, марди  тахмин шаст-шаступанҷсола, ки мӯйҳои  сап-сафедаш дар партави  чароғи электр медурахшид, Шодмонро ба чанд тан меҳмонон, ки яқин хешовандонаш буданд, шинос кард.

Дар байни меҳмонон ҷавоне менишаст  гандумгин, миёнқад, мӯи сараш сиёҳи ҷингила ва дар таги чашми росташ чени нохун холи  сиёҳе дошт. Чеҳраи ӯ ба назари Шодмон хеле гарм тофт, аммо ҳарчанд зӯр зад, ба  ёд оварда натавонист, ки дар куҷо дидааст ӯро: дар ҷои кор дучор омада буд? Ё дар  ҳамин наздикиҳо зиндагӣ мекунаду дар кӯча вохӯрдаем? Ё дар нақлиёт… Хулоса, ёдаш наомад, ки онҳо дар куҷо вохӯрда буданд? Вақте аз дасти соҳибхона  пиёлаи чойро  мегирифт, боз чашмаш ба ҳамон ҷавон  афтид. Нигоҳҳояшон ба ҳам бархӯрданд. Ҷавон, яқин Шодмонро шинохта буд, ки гарм табассум кард.

Ҳамин тариқ аз байн фосилае гузашт. Аҳли давра аз ҳар дар сӯҳбат  доштанд, мегуфтанду мехӯрданд. Соқии давра ба ҳамагон шароб рехта, ба навбат  сухан медод то соҳибхонаро табрик гӯянд. Чун навбат  ба он ҷавон, Музаффар будааст номаш расид, қадаҳро ба даст гирифта, гуфт:

-Ман хеле хурсандам, ки падарам бо чунин одамони давраорову зиндадил ҳамсоя шудаанд. Дар урфият мегӯянд, ки хона нахар, ҳамсоя бихар. Ман низ ҳамчун  фарзанди калони ҳамин хонадон ҳамсояи шумо ҳастам ва ин қадаҳро барои он менӯшем, ки ҳамсояҳои  бесоя набошем.

Ҳамагон ба ҷавон  офарин гуфта, қадаҳҳои  худро нӯшиданд. Ва Шодмон низ ба онҳо пайравӣ карда, қадаҳ бардошту ба нохост  ёдаш омад, ки ин ҷавонро дар куҷо дида буд. Аз овозаш шинохт ӯро…

Он рӯз ҳаво сард буд. Баргҳои  дарахтон  кайҳо хазон гашта, даруни ҷӯйбору рӯи роҳравҳо  ба пӯсидан оғозида буданд. Аз гирду  атроф бӯи хазон омехта ба дуд ва бедаи тар меомад. Чанд рӯз боз дар шаҳр ҳар гуна овозаҳои  воҳимаангез пайдо шуда, аз дуру наздик садои якка-якка ва гоҳо мусалсали тир меомад. Аз ноҳияҳои дуру наздик гурезагон савори мошини боркашу тракторҳо  гурӯҳ-гурӯҳ ба пойтахт омада, як қисмашон дар хонаи  хешовандони худ ва хобгоҳу меҳмонхонаҳо  маскан мегирифтанду қисми дигарашон саросема ҷониби кӯҳистон мерафтанд.

Вақти намози аср Шодмон аз кор бармегашт. Азбаски вақтҳои охир ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ фалаҷ гашта буд, одамон бештар пои пиёда  сӯи манзилҳои  худ мешитофтанд. Тасодуф ягон автобус ё троллейбус пайдо шавад мардум саросема ба он мечаспиданд, агар ба дохили он роҳ наёбанд ба поймонак ва ҳатто болои боми он савор шуда мерафтанд. Шодмон  хеле мунтазири автобус нишаста, аммо аз он дарак набуд. Ва чун рӯз бегоҳ мешуду дар кӯча касе наменамуд, ноилоҷ пиёда ба сӯи хонааш роҳ пеш гирифт. Қариб роҳ нисф шуда буд, ки дар болои  кӯпрук ба  дидбонгоҳ дучор омад. Ду нафар силоҳбадастон  мошин ва пиёдагардонро боздошта, ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекарданд. Вақте ки пагоҳӣ  Шодмон  ба кор мерафт, дар ин ҷо дидбонгоҳ нагузошта буданд. Азбаски бо худ ҳуҷҷат надошт, хост ақиб гашта, ба кӯчаи дигар равад. Аммо аллакай дер шуда буд ва аз тарси он ки  силоҳбадастон ягон гумони бад набаранд, аз раъяш гашт. Худро тамоман бепарво вонамуда қариб аз дидбонгоҳ гузашта буд, ки аз он тарафи роҳ яке аз дидбонҳо садо баланд кард:

- Ҳой мардак!

Шодмон, дар ҳоле ки ба баданаш мурғак дамид, ба тарафи овоз рӯй овард.

- Куҷо? – бо ишораи сар пурсид дидбон.

- Хона.

- Чӣ, мо барои ту бачаи ҷайраем, – лаб инҷ кард вай. – Саломи худоиятро ҳам намедиҳӣ.

- Шумо ба тафтиш банд будед, – гуфт Шодмон, – халал расондан нахостам.

- Ту магар сутуни осмонӣ, ки ҳуҷҷат нишон  намедиҳӣ? – ба ӯ наздик шуд дидбон. – Ё моро назарат намегирад.

- Ҳуҷҷат надорам, дар хона фаромӯш шудааст.

- Аз куҷо меоӣ?

- Аз кор.

- Дар куҷо кор мекунӣ?

- Дар рӯзнома… журналистам.

- Аз қафои ман биё, – ҷониби вагончаи  тахтагини кӯҳна, ки канори роҳ гузошта шуда буд, рӯй овард силоҳбадаст.

- Ака, бевақт шуд, монед равам. Ба худо қасам, ки ман одами ҳамин шаҳрам. Пагоҳ ҳуҷҷатамро оварда нишон медиҳам.

- Ту гапа намефаҳмӣ?! Ман ба ту чӣ гуфтам? – асабиёна автоматро ба даст гирифт дидбон.

Шодмон ноилоҷ аз қафои ӯ ба роҳ даромад.

Дар дохили  вагон се нафар низомиёни дигар, ки  аз либосашон рутбаашонро  аниқ кардан душвор буд, қартабозӣ доштанд. Дар дами дар мизе  гузошта шуда буд, ки болояш анвои  хӯрдании  гуногун ва чанд шиша арақу пиво  менамуд. Дар назди миз ҷавони тахмин ҳабдаҳ-ҳаждаҳсола диккак нишаста пиёзу картошка  пӯст меканд. Шодмон ҳини ба вагон ворид шудан аввал ба ӯ даст дода вохӯрӣ кард. Ҷавон бо нигоҳи  тарсолуд ҷаста аз ҷой хеста, ба ӯ даст дод.

- Як нафар маҷалланависа қапидем, – ба марди  паҳлавонҷусса, ки яқин  командирашон буд, муроҷиат кард дидбон,- шиноснома надорад.

Мард ба сӯи Шодмон чашм ало карда, қартаҳои  дасташро болои миз гузошт:

- Чаро беҳуҷҷат мегардӣ?

- Ман дар шаҳри худамон ҳеҷ гоҳ бо худ шиноснома намегардонам, – гуфт Шодмон.

- Шаҳри худамон мегӯӣ? Акнун ин шаҳри шумо нест. Фаҳмидӣ?!

Шодмон лом нагуфт.

- Ту ӯро мешиносӣ? – ба ҳамон ҷавоне, ки картошка пӯст меканд, ишора кард мард.

- Не, – ҷавоб дод Шодмон.

- Пас, чаро бо ӯ вохӯрдӣ кардӣ?

- Вай ҳам инсон аст, чаро салом накунам.

- Инсон нест вай, – аз ҷой хест мард. – Мисли  ту як ҳайвони  оқипадар аст… Ё мешиносию худатро ба нодонӣ мезанӣ?

- Не, намешиносам.

- Шояд  ҳамроҳаш дар як майдон нишаста, аз як дег ошу шӯрбо хӯрда бошӣ, – лаб инҷ кард мард.

- Ман дар ягон майдон нанишастам.

- Наход?

Лаҳзае ҳар ду хомӯш ба чашмони якдигар нигаристанд.

- Бевақт шуд, – гуфт Шодмон чашмонашро гурезонида. Ва баъд нигоҳашро аз тирезаи панҷарадори  вагон  лағжонида, илова кард. – Монед ман равам. Дар хона кӯдакони хурдсол дорам, ташвиш мешаванд.

- Ҳеҷ куҷо намеравӣ?

- Ман чӣ гуноҳ кардам… Рост ба роҳи худам  равон будам.

- Шумо дар маҷаллаҳоятон ҳар гуна сафсата навишта, мардума ҷанг андохтед. Акнун, ки ба  даст афтодӣ, худата мусичаи бегуноҳ мегирӣ, а!

- Чӣ хел мо мардума ҷанг андохтем?

- Росту дурӯғ ҳамаро сиёҳ карда, халқа ба шӯр овардед.

- Шахсан ман ҳеҷ каса ба шӯр наовардам ва дурӯғ ҳам нагуфтам. Агар  бо имзои ман  чунин мақола чоп шуда бошад, исбот кунед.

- Ба ту асос даркор, -  ба Шодмон наздик шуд мард ва чанд лаҳза бо чашмони ҳақорат ба ӯ нигариста, ногоҳ ба миёни пойҳояш лагад андохт.

- Ба рӯят хандидем забон баровардӣ-ку! – гуфт вай бо овози хирросӣ ва аз ҷайбаш таппонча  бароварда, ба қундоқи он ба сари  Шодмон  чунон зад, ки вай мисли дарахти аз бех бурида парӯ афтод.

Мард  пайиҳам  ба сандуқи синаи Шодмон чанд лагад зада, девонавор  наъра кашид:

- Хез аз ҷоят!

Шодмон калавида ба по шуд.

- Медонӣ барои чӣ туро мекушам? – гуфт мард, мили таппончаро ба даҳони Шодмон андохта. – Барои он ки башараат ба ман маъқул нашуд. Нигоҳат ҳам ғаши касро меорад. Давои ту мурдан . Аммо пеш аз мурдан барои дилхушии мо рақс мекунӣ.

- Ман раққос нестам, – гуфт Шодмон калавида.

- Эҳа, ҳоло шаттаи гови мурдаро нахӯрдаӣ. Чунон мерақсӣ, ки гӯё аз модарат раққос таваллуд шуда бошӣ, – гуфт нафари  дуюм, ки чанд лаҳза  пеш бо мард қартабозӣ мекард. Вай аз ҷой хеста назди Шодмон омаду бо ангушти ишоратиаш  аз таги манаҳи ӯ бардошта, ба сараш  ба даҳону бинии Шодмон зарба зада, онро ғарқоби  хун кард. – Мерақсӣ, очағар!

- Намерақсам, – гуфт Шодмон, хуни даҳонашро бо нафрат туф карда.

Он ду нафар гӯё маҳз ҳамин лаҳзаро  интизор буданд, ки аз нав гургвор ба Шодмон часпида, ӯро лагадборон карданд. Командир шояд аз задан дилаш хунук шуда, ба қафо гашт ва он ҷавони  картошкатозакунро бо ишораи даст назди худ хонд.

- Ҳӯй, очағар! Ин ҷо биё.

Ҷавон тарсон дарҳол кордро даруни зарф гузошта, дар назди мард ҳозир шуд.

- Ҳозир… агар бо як мушт ин ҳашаротро  аз пой афтонӣ, ҷонат халос, – гуфт мард, ба сӯи Шодмон ишора карда. – Вагарна ба як тир  рост ба маркази  ҷаҳаннам мефиристам! Фаҳмо?

- Ман дар умрам ба сари касе мушт набардоштаам, – гуфт ҷавон бо овози ларзон.

- Ҳозир ман ёдут метиям, – гуфт мард ва  як қадам ба қафо гузошта, бо пои росташ  ба сандуқи синаи ҷавон чунон зад, ки пойҳои вай  аз замин канда шуда, ду қадам он тараф ба тахтаи пушт афтид. Мард аз зарбаи  худаш хушаш омада, чеҳрааш дигаргун  шуд. – Картошкаи боқимондаро низ тоза кун, ана баъд ба  ҷаҳаннам меравӣ, – гуфт мард, ҷавонро аз ҷой  хезонда. Ва баъд ба ҳамраҳаш рӯй овард.

- Дар пост чанд кас истодааст?

- Се нафар.

- Яктояшро фарёд кун.

Пас аз чанд дақиқа ҷавони сабзинаи  ҷингиламӯе, ки дар зери чашми росташ мисли нохун холи сиёҳ дошт, ба вагон ворид шуд.

- Ин ҳашаротро берун бароварда паррон, – гуфт мард ба ҷавони воридшуда Шодмонро  нишон дода. -Беҳтараш  дар лаби дарё… мурдаашро ба об парто. Одами  барои ин ҳайвон қабр мекандагӣ нест.

Ҷавон Шодмонро, ки ба зӯр ба по меистод, пешандоз карда, аз вагон берун шуд. Онҳо пасопеш  ба пайраҳае, ки ҷониби дарё мебурд, равон шуданд.

- Чаро бе ҳуҷҷат мегардӣ? – пурсид ҷавон. – Вазъи шаҳр  ба худат маълум…

Аз ин овози нарм дили Шодмон қувват гирифт ва аз роҳравӣ бозистода, ба ақиб нигарист.

- Бародар!

- Ба пеши поят нигоҳ кун. Роҳ гард.

- Аз ин пас шиносномаамро ҳаргиз аз ҷайбам берун намекунам.

- Акнун дер шуд. Наист, қадам зан. Журналистам гуфтӣ? – аз пайроҳаи шағалпӯш поён лағжида ба зӯр  мувозинаташро  нигоҳ дошт ҷавон. – Ҳамкасби падарам будаӣ. Ман ҳам мехостам журналист шавам, аммо падарам розӣ нашуд. Ноилоҷ ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи таърих супоридам.

- Дар куҷо кор мекунанд падарат? – аз гаштан бозистода, ба қафо нигарист Шодмон.

- Наист гуфтам, – сахт карда гуфт ҷавон, – ҳозир дар мактаби деҳаамон муаллимӣ  мекунад. Лекин чандин сол  дар газета кор кардааст.

- Дар кадом газета?

- Ин ба ту чӣ лозим? – норозиёна ғурингид ҷавон. – Тезтар қадам мон.

Бо ҳамин гуфтугӯи онҳо хотима  ёфт. Шодмон даст ба пушт пеш-пеш қадам зада, афсӯс мехӯрд, ки бе ҳеҷ гуноҳ, беҳуда ҳайф  мешавад. Ба гумон аст, ки фарзандон мурдаашро ёбанд. Худо медонад об ҷасади ӯро  то куҷо бурда, ба соҳил мебарорад. Тӯъмаи сагони  дайду мешавад ҷасадаш. Сиву ҳашт сари сол  дар ин дунёи пурмоҷаро  ва замини пургуноҳ  бо дасту дили пок зиста, оқибат се газ кафану  замини сиёҳ ҳам насибаш нашуд. Бе ӯ аҳволи зану фарзандони хурдсолаш чӣ мешавад. Хор  мешаванд онҳо бе саробон.

Шодмон ҳамеша хабари одамонеро, ки  ба марги  муфоҷо  мефавтиданд, шунида, худ  ба худ  меандешид, ки марҳум дами вопасин маргро рӯ ба рӯяш дида, дар бораи чӣ андешида бошад, киро ба ёд оварда дар дилаш чӣ гапҳо гузашта бошад. «Шояд пас  аз шунидани марги ман зану фарзандонам низ ба худ чунин суол диҳанд».

Ба лаби дарё расиданд.

Ҷавон автоматро аз китфаш гирифта, тақарросзанон тирро ба мили он равон карда, гуфт:

- Бишин, – ва худ аввал сари санге нишаста, автоматро болои зонувонаш кӯндаланг гузошт. Сипас, аз ҷайбаш қуттии сигарет баровард ва як донаашро ба лаб монда, оташ дод.

- Мекашӣ? – пурсид аз Шодмон.

- Не, ташаккур, намекашам.

- Аз мурдан метарсӣ?

- Лаҳзаи аввал… тарсидам. Аммо ҳозир  дар вуҷудам тарс гум шуд. Воқиан, вақте одам маргашро рӯ ба рӯ дид, тарсро дар  ниҳодаш мекуштааст… Шояд худи инсон  не, балки  ҳайбати марг тарсро аз хонаи дили ӯ берун мекунад. Лекин…

- Чӣ лекин?

- Аз ту як илтимос дорам. Мурдаи маро  ба об напартофта, дар ҳамин наздикиҳо зери сангу қум куну баъд бо ана ин рақам телефон карда гӯй, ки дар фалон ҷой мурдаи  падаратонро ёфтем. Об овард гӯй.

Шодмон рақами телефони хонаашро гуфт.

- Ту аҷаб одами содда будаӣ.  Барои ин савобҷӯиям медонӣ онҳо чӣ кор мекунанд маро, – гуфт ҷавон, ба тарафи вагон, ки дар байни анбӯҳи дарахтон наменамуд, ишора карда.

- Ту як одами  дуппа – дуруст чӣ хел ба онҳо ҳамроҳ шудӣ?

- Ту аз куҷо медонӣ, ки ман чӣ хел одамам. Намебинӣ автомат бардошта гаштаам.

- Ҳозир худат гуфтӣ, ки падарат муаллим, худат низ мактаби олиро хатм кардаӣ.

- Хайр чӣ? Магар дар мактаби олӣ фақат  фаришта тарбия мекунанд? Медонӣ ҳамоне ки ҳозир барои куштанат фармон дод, чӣ кора аст?

- Не, аз куҷо донам.

- Духтур. ӯро ҳам дар мактаби олӣ ҳафт сол тарбия кардаанд. Соҳиби касбе мебошад, ки мисли он дар олам пешаи  инсонпарваронае нест. Ё дурӯғ мегӯям?

- Гапат рост.

Чанд лаҳза хомӯш монданд. Оби дарё аз соҳилҳо фурӯ рафта бошад ҳам, шасташ тез буд.

- Мехоҳӣ бидонӣ, ки ман чӣ хел ба дастаи онҳо ҳамроҳ шудам? – гуфт ҷавон.- Ҳозир, бародар, бетараф будан хавфнок аст. Оё шиори касе, ки бо мо нест, душмани мостро нашунидаӣ? Дар ин айёми буғзой бетарафӣ баробари марг аст. Аз тақдири худат қиёс гир. Хулоса, маро тундбоди ҳодисаҳои охир ба онҳо ҳамроҳ кард… Хӯш-ш – аз ҷой хеста, автоматро  ба даст гирифт ҷавон- Бихез!

Баробари аз ҷой баланд шудани Шодмон садои канда-кандаи тир ба ҳаво рафт. Та-та-та! Шодмон аз тарс бо кафи дастон сарашро дошта, баргашта ба ҷояш нишаст.

- Бихезу гурез, – пичиррос зад ҷавон. – Беҳтараш худатро ба дарё андоз. Тезтар! Дигар ҳаргиз дар ин наздикиҳо сиёҳиатро нишон надеҳ. Агар  шиносанд, кори ҳардуямон тамом!.. Чаро нишастаӣ, бихез!

Шодмон саросема худро ба дарё зад. Вай худро мурдасон ба ҷараёни об вогузошта, хеле вақт мунтазир буд, ки ҷавон  ҳамин ҳозир  паси сари ӯро  нишон гирифта, мағзи сарашро дар рӯи об пош медиҳад. Аммо дигар садои тир набаромад…

Шодмонро садои хандаи аҳли давра, ки яқин  ягон латифаи намакин, ё нӯшбоди  хандаовар  шунида буданд, аз олами хаёлот  вораҳонд. Вай  бо баҳонаи пиёларо  дароз кардан аз болои дастархон даст ёзида, ба Музаффар гуфт:

- Ҳозир ҳам муаллимӣ мекунӣ?

- Дигар чӣ кор ҳам мекардам… дигар кор  аз дастам намеояд, – табассум кард Музаффар.

- Биё, – қадаҳашро аз болои дастархон бардошт Шодмон. – Барои ҳамон тире, ки ба ҳаво рафт, менӯшем.

- Биё!

Аҳли давра аз ин гуфтугӯи онҳо чизе нафаҳмиданд.

духтари чиновник
Духтари чиновник

(ҳикоя )

Имсол мӯҳлати мураххасиамро дар деҳа гузаронидам. Азбаски чанд сол боз ба зодгоҳам нарафта будам, мардуми зиёд, хешу таборон, ҳамсояҳо ва ҳамсинфон ба дидорбиниам омаданд. Аз ин сабаб чанд рӯз аз хона ба ҷое нарафта меҳмон қабул мекардаму гусел. Пас аз канда шудани қадами меҳмонон рӯзе бафурҷа дар байни ҳаётамон сайругашт доштам, ки чашмам ба Абдусалом-амак афтод. Аз бозе ки худамро мешиносам, мо бо ӯ ҳамсоя ҳастему байни боғҳоямон девор надорад. Онро танҳо яқ шохҷӯй, ки лаб-лаби он дарахтони сафедор қад кашидаанд, ҷудо мекунад. Бино бар гуфти падарам ҳанӯз бобову бобокалонҳои мо ҳамсоя будаанду миёндевор надоштаанд.

Абдусалом-амак дар миёнаҷои пали юрушқа дикак нишаста, алаф медаравид. Ҳамин, ки қабзаи дасташ пур шуд, онро канор мегузошту боз медаравид. Ҳамин тарз чанд дарза даравида аз ҷой хест ва баъд онҳоро як-як ҷамъ оварда, дар як ҷо ғун кард. Фақат як дарзааш танҳо мехобид. Аз афташ, ҳама дарзаҳои даравидаашро ҳисоб карда буд, ки ҳамон қабзаро хеле кофта наёфт. Гирду атрофашро даст-даст мекард, аммо намеёфт. Ҳол он ки каме дуртар аз вай мехобид.

- Духтари чиновник! – фарёд кард ба сӯи хонааш. Аммо аз он сӯ касе ҷавоб надод. Куҷо рафт ин дайду, – гуфт  хастаҳолона ва ба ҷояш нишаст.

Аз дармондагиаш дилам вайрон шуд. Охир, вай дар ҷавониаш як марди паҳлавонҷуссаи қоматбаланд, пешонааш кушод, синааш фарох, бозувонаш рустамона буд. Агар баланд гап мезад ва ё механдид овозаш мисли раъд гулдуррос мезад. Тобистону зимистон дар сараш телпак, дар бараш ҷомаи ласи сиёҳ ва дар пояш мӯзаи кирзагӣ буд. Ҳатто солҳое ки муаллимӣ мекард, ҳамин ки аз мактаб баргашт, зуд либоси тозаашро иваз намуда, ҷомаву телпаку мӯза мепӯшид ва то бегоҳ дар байни оғилу каҳдон, боғу анбор ҷунбуҷӯл мекард. Лекин ҳозир пирӣ асар кардааст: қоматаш хамида, ҷабинаш пурожанг ва ҷисмаш лоғар шудааст. Аммо овозаш ҳамоно базарба, гулдуроссӣ.

Ёд дорам,мо, мактаббачаҳо аз байни муаллимон бештар аз ӯ метарсидем. Он қадар сахтгир буд, ки ҳатто фориғ аз дарс, рӯзҳои истироҳат ҳам дар кӯча дучор оем, пинҳон мешудем. Худо нокарда чашмаш афтад, пагоҳ ҳатман ба назди тахтаи синф ҷеғ зада, вазифаи хонагиро мепурсид. Агар ҷавоб дода натавонем, сахт танбеҳ медод. Қисса кӯтоҳ, аз ӯ на танҳо мо, шогирдонаш, балки калонсолон, ҳатто раиси колхозу ҷамоат ва директори мактаб низ метарсиданд, дар ҳузураш ҳар гапро намегуфтанд, ибо мекарданд. Чунки вай ҳақбину ҳақгӯй буд, дурӯғро чашми дидан надошт, ноҳақиеро дида, ором нишаста наметавонист. Ҳатман овоз баланд мекард, лозим ояд мушт ба гиребон мешуд. Агар зӯри худаш нарасад, ба ташкилотҳои болоӣ, то додситонӣ аризаи шикоятӣ менавишт. Аз ин сабаб мардуми деҳа ба ӯ «нависанда» лақаб монда буданд. Аммо ҳеҷ кас дилёб намешуд, ки дар ҳузураш лақаби ӯро ба забон орад. Хулоса, офати порахӯру ҳаромгулӯҳо буд. Вақте ки ба ин гуна зотҳои касиф сангар гирифта, аз болояшон шикоят менавишт, шиораш “ё марг, ё ғалаба” буд. То одами гунаҳкорро аз вазифа сабукдӯш накунанд, ё огаҳии қатъӣ дода, дар байни мардум “ҳайфи ту” нагӯянд, Абдусалом ором намегирифт, мубориза мекард. Аҷибаш ӯ дар ин муборизаи худ касеро шарик намегирифт, гурӯҳбозӣ намекард, мардумро бар зидди он нобакорон намешӯронд. Танҳо буд.

Оқибат зотҳои шариру ифлос тибқи одат муттаҳид шуда, Абдусаломро аз пой дароварданд.

Он сол зимистон сахт омад. Аллакай дар миёнаи моҳи ноябр барфи калон ғалтида, мардуми деҳаро дар ғафлат мононд. Кисми зиёди ҳосил дар саҳро монду меваҳоро дар шохи дарахт сармо зад. Алалхусус масъалаи сӯзишворӣ мушкил буд.

Зимистон нисф нашуда, ангишти захира намудаи мактаб низ тамом шуд. Синфхонаҳо мисли яхдон сард буданд. Фаррошзанҳо, ки ҳар пагоҳӣ дар бухории чӯянӣ алав дармегиронданд, аз набудани ангишт шикоят карда, ба чӯбу тахтапора ва саргини гов алав мекарданд. Ҳамон чӯбу чағ низ фаровон набуд. Тафси алав зуд паст мешуду синфхона – хунук.

Абдусалом аз ин ҳолати сангин ва азоби мактаббачаҳо, ки аз хунукӣ дар паси парта дарақ-дарақ меларзиданд, ба танг омада, аз боби хунукназарии директори мактаб ба мудири маорифи ноҳия шикоят навишт. Директор, Фармон Осим, ки хусури Абдусалом буд, ин хабарро шунида, сахт дар ғазаб шуд.

Рӯзе аз ноҳия чанд нафар намояндагон барои тафтиш ба мактаб омаданд. Фармон Осим дар ҳузури аъзоёни комиссия ба сари Абдусалом дӯғ зад:

- Ту дар аризаат навиштаӣ, ки гӯё ман, директори мактаб ангиштро ба хонаам бурдаам…

- Рост, – гуфт Абдусалом. – Бурдед нисфаша. Ман ҳамчунин дар аризаам оид ба бисёр ҳаромкориҳои шумову думравонатон маълумот додаам… Ё не? – ҷониби аъзоёни комиссия рӯй овард ӯ.

- Саросема нашавед, ҳамаашро ба навбат месанҷем, – гуфтанд онҳо.

- Исбот кун! – ба шӯр омад директор.

- Ягон ҷои исбот кардан нест, – гуфт Абдусалом оромона. – Зеро ҳамааш мисли рӯз равшан. Ҳамсарам – духтари шумо – ду ҳафта пеш аз хонаатон як ҷувол ангишт овард. Баъд ним соат дар бехи гӯши ман чашми кордонии падарашро таъриф кард, ки  ним мошин ангишти мактабро натарсида рост ба ҳавлиатон бурда рехтаед. Боз ба шумо чӣ хел исбот лозим?

- Занатон ҳамин гапро тасдиқ мекунад? – пурсиданд аъзоёни комиссия.

- Албатта. Агар дар зарфи ин ду ҳафта ақлашро нахӯрда бошад, бояд тасдиқ кунад.

Аммо вақте ки ҳамсари ӯро ҳамчун гувоҳ ба мактаб ҷеғ заданд, занак дар ҳузури мардони бегонаву падари сахтгираш нисфи рӯяшро ба ҳошияи рӯймоли сараш пӯшонида гуфт, ки дурӯғ мегӯяд шавҳараш.

Фармон Осим, аз ҷавоби духтараш рӯҳ гирифта, ба ҳуҷум гузашт:

- Ҳой кӯрнамак, агар ман ғами бачаҳои ту сакалтуро хӯрда, аз ангишти ба пули ҳалоли худам харида ду-се сатил дода бошам, гунаҳкор шудам, а?! Ба ивази некӣ бадӣ,а?!

Марди қадпасти тоссар ва шикамғафс, ки аз афташ, сардори комиссия буд, аз ҷавоби  занак қаноатманд, бо истеҳзо ба Абдусалом гуфт:

- Даъвоятон исбот нашуд, ку, муаллим!

Абдусалом, аз ришханди марди тоссар буд ва ё аз рӯирост дурӯғ гуфтани занаш, якбора инони хеш аз даст дод:

- Ҳой, қанчиқ! – дод зад ӯ ба сари ҳамсараш. – Чаро дурӯғ мегӯӣ?! Медонам, падарат туро гап ёд додааст. Аммо ба сарат теғ ояд ҳам, гапи ростро гӯй, охир!

- Ана! Ана! – нидо кард Фармон Осим ба ҷониби комиссия рӯй оварда. – Боз шон номи муаллимиро бардошта гаштаанд. Ба фарзандони мардум аз адабиёт дарс медиҳанд. Гапзанишона бинед. Э мур, ба ҳамин рӯзат!

- Шумо чӣ хел мардак, ки дар ҳузури мардҳои бегона ҳамсаратонро таҳқир мекунед, – гуфт марди тоссар низ маломати Фармон Осимро қувват дода.

Абдусалом фаҳмид, ки ин садди чиниро гузаштан ба ӯ муяссар намешавад. Директор, аз афташ, кайҳо бо намояндагони маориф гапро пазондааст. Болои сӯхта намакоб, нуктаи дигаре, ки Абдусалом дар аризааш аз кори директори мактаб гирифта буд, низ тасдиқ нагардид. Ба қавли Абдусалом мудири қисми хоҷагӣ ва чанд нафар муаллимон ба рӯяшон пӯсти хар кашида, гуфтанд, ки аз мурдани хеш хабар доранду аз як қисм маблағи барои таъмири мактаб ҷудошударо ба ҷайбаш задани директор – не. Ҳол он ки маҳз онҳо чандин маротиба дар ҳузури Абдусалом аз қаллобии директор даҳони шикоят кушода буданд.

Хулоса, Абдусалом оқибат дар ҳалқаи муборизаи худ танҳои танҳо монд. Бар замми ин ӯро барои ба шаъни директори мактаб тӯҳмат заданаш ба иғвогарӣ муттаҳам карданд. Баъди ба итмом расидани тафтишот рӯзе мудири маорифи ноҳия Абдусаломро ба ҳузураш хонда, гуфт,ки ӯро барои кор ба мактаби дигар мегузаронанд.

Мактабе, ки Абдусаломро барои кор фиристоданд, дар як деҳаи баландкӯҳ воқеъ буд. ӯ ҳар рӯз ба онҷо харсавор рафта меомад. Боре ҳангоми бозгашт ба бӯрон дучор омада, дасту пой ва рӯяшро сармо зад. Ду моҳи дароз дар беморхонаи ноҳия хобида муолиҷа гирифт. Баъди як сол, аз таъсири ҳамон сармо, чашмонаш хира шуданду ӯро ҷарроҳӣ карданд. Оқибат нобино шуд. Дигар ба кӯча намебаромад, ба тӯю маъракаҳо намерафт. Ҳамеша дар хона менишаст. Дилаш бухс мекард, ба кафидан оид мешуд. Дар чунин лаҳзаҳо ӯ ҳама қаҳру ситезашро ба сари занаш мерехт. Акнун тез-тез овози гулдурросиаш дар фазои ҳавлӣ танин меандохт.

- Духтари чиновник! Ҳе дар арвоҳи падари ҳаромхӯрат… – ҳақорат медод вай.

Агар ин лаҳза ҳамсараш дар хонаи мо бошад, баробари шунидани овози Абдусалом-амак ҷаста аз ҷояш мехест.

- Илоҳӣ, ба паи чиновник равӣ, – мегуфт вай роҳравон. – Дар гӯр ҳам ором хобидан намон чиновника… Мана, ман, омадам.

- Куҷо будӣ? – дод мезад Абдусалом-амак.

- Хонаи ҳамсоя ҳам наравам?

- О, мон, ҳамун ҳамсояҳо аз паи бечорагиашон шаванд. Рӯзи дароз лақ-лақ карда, вақти ҳамунора нагир. Ҳама ту барин  бекор нестанд… Чанд бор ба ту фаҳмонам, а, духтари чиновник…

Оҳиста ба боғи Абдусалом-амак гузашта, наздаш рафтам. Вай ҳамоно дар ҷойи пештарааш нишаста, яқин фикр мекард, ки як дарза алафи даравидаашро куҷо монда буд?

Шарфаи поямро шунида аз ҷой нимхез шуд, ва чанд лаҳза ба садои атроф гӯш андохта:

- Духтари чиновник! – гӯён дод зад. – Кадом гӯр шудӣ?!

- Салом, муаллим, – гуфтам ман ва пеш аз ба ӯ даст додан, дарзаи юрушқаи гумкардаашро аз замин бардошта, болои ғарам партофтам.

Абдусалом-амак сар бардошта, зуд аз овозам шинохт маро.

- Шавкатӣ? – пурсид ӯ.

- Ҳа, – дасти ӯро гирифтам ман.

- Сиҳат-саломат ҳастӣ, бачаҳакот нағзанд. Шунидам, ки омадаӣ. Духтари чиновника чанд бор гуфтам, маро хонаи ҳамсоя гузарон, имрӯз-пагоҳ гуфта набурд.Худам равам гӯям, метарсам; мабодо дар ягон ҷой афтам. Дар пиронсолӣ шикасту банд баробари марг аст. Агар ягон ҷои марди пир шиканад, дигар устухонҳояш намесабзанд, бо ҳамин дард мемурад.

Ман танҳо ҳамин лаҳза аз чанд рӯз боз Абдусалом-амакро хабар нагирифтанам сахт дар ҳиҷолат мондам.

- Гап зан-ку! – гуфт Абдусалом-амак. – Дар Душанбе чӣ гап? Газ нест, барқ нест, мегӯянд, наход рост бошад, а! Охир, вай пойтахт-ку! Чаро масъулинро ҷазо намедиҳанд?

- Ҳозир, шукр ҳаст, – гуфтам ман.

- Ҳа, хайрият. Дар шаҳр бе газу барқ чӣ хел зиндагӣ карда мешавад… Намешавад. Биё, хона равем, – аз ҷой бархост Абдусалом-амак ва хам шуда аз замин досу банди алафро бардошта, зери каш кард.

Ҳарчанд хостам аз дасташ банди алафро гирам надод.

- Либосат чиркин мешавад, – гуфт вай пеш даромада. – Биё, чорта чақ-чақ кунем. Чанд сол шуд на газет мехонам, на радио ҳаст… Радио ҳасту батари надорад. Порсол, тирамоҳ, ба додарат гуфтам, ки маъракаи обуна сар шудагист, маро ба газити “Правда” обуна кун, механдад. Ин хел газит нест, мегӯяд. Агар бошад ҳам, ба гумон, ки нафақаи шумо барои се моҳ обуна кардан расад, мегӯяд. Рост мегӯяд? Лекин газит бошад ҳам, одами мехондагӣ нест. Худам оҷиз, фарзандон мисли ту паррончак шуда ба ҳар тараф рафтанд. Ин духтари чиновник савод надорад, ки ба ман хонда диҳад, – шикояткунон сар-сари вот мерафт Абдусалом- амак. Вай, аз афташ, ин роҳро азёд карда буд, ки дар ягон ҷой қадами беҷо нагузошт, пешпо нахӯрд. Вақте ки ба хонааш наздик шудем, алафи дасташро дар бехи дарахти чормағзи пир гузошта, қоматашро рост кард ва аз чи бошад бо ду даст миёнашро дошта, овоз андохт:

- Духтари чиновник! Чой мон, хона меҳмон омад.

Се ид дар ҳаёти як адиб
Сӯҳбат бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод

-Устод, сӯҳбати мо дар арафаи ду иди барои аҳли қалам хуҷаста – Рӯзи матбуоти тоҷик ва Наврӯзи оламафрӯз, ки қадами хуҷастааш барои ҳамагон нек аст, ва ҳамчунин, зодрӯзи шумо иттифоқ афтод. Аҳли қалами «Чархи гардун» шуморо ба ин муносибат табрик мегӯянд ва сӯҳбатамон бо навбат атрофи ана ҳамин се сана сурат мегирад. Шумо розӣ?

-Ташаккур. Ман розӣ, муҳимаш сӯҳбатамон ба хонанда чизе дода тавонад.

- Шумо низ дар рӯзнома кор кардаед?

-То нафақа баромадан фақат дар рӯзномаю маҷаллаҳо кор кардам.

-Адиби шинохта Эрнест Хемингуэй, ки худ низ чандин сол рӯзноманигор буд, менависад, ки барои адиб дар оғоз кор дар рӯзнома фоида дорад, аммо зиёд набояд кор кунад, ки ба эҷодиёташ зарар меорад. Шумо ба ин фикр чӣ мегӯед?

-Ба ин масъала пеш аз ҳама вобаста ба шароити рӯзгори ҳар адиб баҳо додан лозим. Шароите ки Хеменгиуэй зиндагӣ ва эҷод кардааст, тамоман дигар аст. Шумо бинед, имрӯз адибони мо он қадар ҳаққи қалам намегиранд, ки зиндагиашон таъмин шавад. Замони шӯравӣ, ки ман дар матбуот кор кардам, чанд ҷиҳати хубӣ дошт: Аввал ин ки ҷойи кор ва маоши муайян таъин буд. Дуюм, мо мунтазам ба сафарҳои хидматӣ мерафтем ва бо шароити зиндагӣ ва кору пайкори мардумони минтақаҳои гуногун аз наздик ошно мешудем, ки ин барои адиб ниҳоят муҳим аст. Хулоса, ба фикри ман дар рӯзномаю маҷаллаҳо кор кардани нависанда ё шоир ягон ҷойи бадӣ надорад. Муҳимаш вай бояд истеъдоди хуб дошта бошад.

-Бисёр мунаққидон мегӯянд, ки дар асарҳои шумо ҷанбаи публитсистӣ мавқеи муҳим дорад. Шояд ин аз таъсири дар рӯзномаҳо кор карданатон бошад?

-Шояд, аммо ин чизи асосӣ нест. Мунаққидон ҷанбаи публитсистӣ гуфта таҳлили воқеаро дар назар доранд. Ҳар адиб ҳангоми ба навиштани асар оғоз кардан пеши худ ҳадаф мегузорад ва яке онро бо тамсил, дигаре бо муколама рӯи коғаз меорад. Сеюмӣ, ба тафсири реалиаш машғул мешавад. Банда бештар ба таҳлил сари кор мегирам, ки он хоҳ- нохоҳ ҷониби публитсистика мебарад.

-Шумо зодрӯзатонро таҷлил мекунед?

-Не. Бори аввал ва охир онро ҳангоми дар хизмати аскарӣ будан таҷлил карда будам. Чунки ҳамон рӯз, ҳангоми саф кашидани аскарон, командирамон номи маро гирифту аз саф ду қадам ба пеш гузоштам ва вай эълон кард, ки ман имрӯз зодрӯз дорам ва бинобар ин метавонам либосҳои идонаамро ба бар карда, як рӯз ба тамошои шаҳр биравам.

-Он вақт низ фамиляатон Кӯҳзод буд?

-Не, он вақт Ҷумъаев буд. Аммо ман бори аввал маҳз дар хизмати ҳарбӣ се ҳикоя навишта, ба маҷаллаи «Садои Шарқ» фиристодам. Пеш аз имзо гузоштан хеле андеша кардам, то дигарон нафаҳманд, ки муаллифи ин ҳикояҳо манам. Кӯҳзод нохост ёдам омад ва чунин имзо гузоштам.

-Баъд чоп шуд ҳамон ҳикояҳо?

-Чанд вақт гузашт ва рӯзе аз маҷаллаи «Хорпуштак» бо имзои сармуҳаррири он Фазлиддин Муҳаммадиев мактуб омад. Ман ҳайрон шудам. Муҳаммадиев дар мактубашон навиштаанд, ки чун аъзои таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳастам, чанд ҳикояаатро дар он ҷо дидам ва якеаш ба ман писанд афтоду онро дар шумораҳои наздиктарини «Хорпуштак» чоп мекунем. Дар охир маро ба кор даъват карданд.

-Қабул кардед?

-Бале. Пас аз хизмат ба ҳамин маҷалла ба кор омадам.

-Устод Муҳаммадиев ба шумо ҳаққи устодӣ доранд?

-Устод Муҳаммадиев на танҳо ба ман, балки қариб ба ҳама нависандагоне, ки охири солҳои шастум ба майдони адабиёт омаданд, ҳаққи устодӣ доранд. Зеро асарҳояшонро хонда, маслиҳат медоданд, агар дар роҳи эҷод ба душворие рӯбарӯ ояд, кӯмак мекарданд. Дар муносибати шахсӣ ва ҳаррӯза низ эшон беназир буданд ва ҳар сухану ҳар нигоҳашон ҷанбаи тарбиявӣ дошт. Масалан, ҳамон солҳо ман повести «Як рӯзи дароз…»-ро навиштам. Вақте онро устод Турсунзода хонданд, маъқул шуд ва барои чоп дар «Садои Шарқ» тавсия гардид. Аммо пеш аз ба матбаа фиристодани ҳамон шумора сармуҳаррир Убайд Раҷаб маро ҷеғ зада, гуфтанд, ки Кумитаи бехатарии давлатӣ чопи повести шуморо манъ кард.

-Барои чӣ?

-Ман ҳам ҳамин саволи шуморо додам, аммо посухи аниқ нагирифтам. Баъд ба назди устод Турсунзода рафтам. Он кас маро дида, дарҳол гуфтанд: Фаҳмидам… Ман аллакай гапамро гуфтам. Рав. Хулоса, баъд аз шаш моҳ устод Муҳаммадиев ба ҳамон повест пешгуфторе навиштанду он дар маҷалла чоп шуд.

-Баъд фаҳмидед, ки сабаби боздоштани чопи повестатон дар чӣ будааст?

-Назар ба гуфти рафиқон нафаре аз кормандони маҷалла ба Кумитаи бехатарӣ мактуб навишта гуфтааст, ки дар повест образи устод Айнӣ ҳамчун як шахсияти хонашину камфаъол, пассив, рӯҳи муборизиашон суст нишон дода шудааст. Баъд дар ин китоб ҷадидҳо ҳамчун образи мусбат ва рӯшанфикр ба ҷилва меоянд ва ҳоказо. Ба фикрам, сабаби асосиаш образи ҷадидон буд. Чанд бор ба Убайд Раҷаб гуфтам, ки ҳамин масъаларо ба ман рӯшантар фаҳмонед. Он кас баъд мегӯям, гуфтанду то охири умр ин сирро накушоданд.

-Устод, мо дар арафаи Иди Наврӯз қарор дорем ва шуморо ба ин муносибат табрик мегӯем.

-Ташаккур. Ман Наврӯз – ин иди зебои аҷдодиамонро воқеан ҳам дӯст медорам ва чанд сол пеш дар як китоб чандин орзуҳои наврӯзиамро барои мардумамон ба қалам додам. Шарҳи он, албатта, як сӯҳбати алоҳида мехоҳад ва имрӯз бо ҳамин иктифо мекунем. Таърихи Наврӯз дуру дароз аст. Дар замони шӯравӣ таҷлили бошукӯҳи он мамнӯъ буд, ҳарчанд мардум онро бо номҳои гуногун ҳатман қайд мекарданд. Лекин як чизро наметавонам қайд накунам: дар таҷлили наврӯз он замон рӯзномаи «Маориф ва маданият» нақши муҳим дорад.

-Чӣ хел?

-Охири солҳои шастум ин рӯзнома паи ҳам чор-панҷ сол ба муносибати Наврӯз ҳатман як шумораи худро пурра мебахшид. Бовар кунед, он замон ин як қаҳрамонӣ буд, зеро метавонистанд ҳам муҳаррири онро аз кор пеш кунанд ва ҳатто рӯзномаро бубанданд. Ин шуҷоати рӯзнома дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бемисл буд. Баъди чанд сол дар Озарбойҷон, Ӯзбекистон Наврӯзро чун ид таҷлил намуданду роҳбарони ҳамонвақтаи мо низ иҷозат доданд.

-Дар охир мехостам дар хусуси насри муосир чанд сухан гӯед. Зеро бисёриҳо мегӯянд, ки насри солҳои охир дастоварди чашмрасе надорад.

-Ҳозир на танҳо наср, балки умуман вазъи адабиёт дар назари бисёриҳо ташвишовар аст. Ин чанд сабаб дорад: Якум адабиёт ба таври кофӣ тарғибу ташвиқ карда намешавад. Замони пеш қадри адабиёту адиб хеле баланд буд. Масалан, агар он замон китоби адиб чоп мешуд, ҳаққи қалами хуб медоданд, баъд адади нашраш низ зиёд буд ва он ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн карда мешуд. Ҳамаи ин корро давлат ба дӯши худ гирифта буд. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ мо ба сохти бозоргонӣ гузаштему он тартиби муайян шикаста шуд ва то ҳол навашро насохтем. Дуюм, имрӯз низ носирони мо асарҳои хуб меофаранд, аммо он ба дасти хонандаи умум намерасад ва онҳое, ки чунин даъво доранд аз қабили ҳамон хонандаҳои бехабаранд.

-Бисёриҳо мегӯянд, ки талаботи бозор ба адабиёт ҳамин аст, ки агар хонанда дорад, арзи вуҷуд мекунад ва роҳи дигар нест.

-Охир, дар ҳамон давлатҳои капиталистӣ, ки бисёриҳо мисол меоранд, чунин тарзи кор якбора пайдо нашуд-ку. Онҳо таҷрибаи садсолаҳо доранд. Масалан, имрӯз дар ҷумҳурии мо якчанд нашриётҳои хусусӣ фаъолият доранд, ки вазифаи чопхонаро иҷро мекунанд. Яъне пули муаллифро гирифта, чизи хому хатала бошад ҳам, ба хотири ба даст овардани фоида чоп мекунанду ба дасти худи адиб месупоранд. Магар бо ин тарзи кор адабиёт пеш меравад? Албатта, не. Кормандони нашриётҳои хусусӣ бояд шӯрои адабӣ дошта бошанд, аввал асарро қабул карда, ба он баҳои ҳақиқӣ диҳанд, ки чӣ аҳамияти бадеӣ дорад ва ба хонанда чӣ медиҳад. Сипас, онҳо бояд донанд, ки ин китобро чоп карда, бо кадом роҳҳо метавонад онро ба дасти хонанда расонанд, яъне бифурӯшанду ҳам худ фоида ба даст оранд ва ҳам ба муаллиф ҳаққи қалам диҳанд. Дар мамлакатҳои капиталистӣ ҳама нашриётҳо аз рӯи ҳамин принсип фаъолият мекунанд.

-Бисёриҳо мегӯянд, ки барои ба бозор роҳ наёфтани чизҳои хом, ки завқи хонандаро паст мекунад, мисли замони шӯравӣ сензура ҷорӣ карда шавад…

-Не, ин роҳи ҳалли масъала нест. Мо ин роҳро гузаштем ва медонем, ки он дар баробари хубиҳояш ба адабиёт чӣ зарарҳо расонд. Ба фикри ман имрӯз бояд ҳар нафаре, ки рӯзнома, маҷалла ва китоб чоп мекунад, масъулият ҳис кунад. Одамони бовиҷдон, босавод, онҳое ки дилашон воқиан ҳам, ба адабиёту маънавиёти миллӣ месӯзад, сари кор оянд. Ба фикрам, роҳи дурусте, ки дар тамоми дунё низ роиҷ аст, ҳамин мебошад.

-Ташаккур устод, барои сӯҳбат.

-Саломат бошед.

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд
Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дирӯз рӯнамои чопи нави он бо ҳуруфи сириллик дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гашт, исботи ин гуфтаҳост. Худованд барои ҳар миллату халқ дар лаҳзаҳои сангину тақдирсоз фарзандони барӯманду ҷоннисорро эҳдо мекунад, ки ҷон ба каф гирифта, барои озодию истиқлолияти маънавӣ ва сиёсии халқи худ талош меварзанд, чун як даста машъал роҳи мардумро мунаввар мекунанд. Таърих чунин фарзонамардонро зиёд ёд дорад ва номашонро то абад дар саҳфаи худ бо хатҳои заррин сабт кардааст. Устоди бузургвор Садриддин Айнӣ дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта, ки тақдири халқи тоҷик, истиқлолияти ҷумҳурии ҷавони он дар сари мӯ бозӣ мекард, ана ҳамин гуна рисолати таърихии худро дар назди халқу миллати худ ба ҷо овард. Зеро он солҳо тӯдаи пантуркистон на танҳо истиқлолияти миллати тоҷикро намехостанд, балки умуман вуҷуд доштани чунин халқеро бо номи тоҷик зери суол мегузоштанд. Онҳо даъво мекарданд, ки дар қаламрави Осиёи Миёна ҳаргиз чунин халқ вуҷуд надошт ва он нафароне ки ба забони форсӣ ҳарф мезананд, турконе ҳастанд, ки бинобар таътил дар мадрасаҳо аз забони форсӣ бархурдор шудаанд ва ё эрониёне мебошанд, ки ба ин сарзамин омадаанд. Онҳо ҳамчунин ба забони ноби тоҷикӣ эҷод гардидани шеъру ғазал ва достонҳоро инкор мекарданд. Ҳарчанд ин даъво бепояву аблаҳона буд, аммо он вуҷуд дошт ва нафаре лозим буд, ки бо далел ва бурҳони қотеъ ин даъвоҳоро рад карда, мардуми бумӣ ва фарҳангофар будани тоҷиконро собит созад. Ин кори пурмасъулияту басо сангин ва ҳамзамон пурифтихор ба дӯши устод Садриддин Айнӣ афтид ва ӯ камари ҳиммат баста, ба навиштани китоби таърихии худ «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз кард. Дар китоби мазкур аз ҳаёт ва осори ҳама адибони тоҷикзабони ҳавзаи Мовароуннаҳру Туркистон намунаҳо оварда шудааст. Устод Айнӣ дар оғози сарсухани китоб навиштааст: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳеву амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷёфта ҳаст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи «тоҷик», ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост». Чун дар он айёми нооромию душманкобиҳо чопи китоби мазкур дар Самарқанд хавфнок буд, он дар Маскав ба табъ расид. Ба бахти миллати тоҷик ва устод Айнӣ он замон як нафар фарзанди барӯманди тоҷик Абдуқодир Муҳиддинов раиси Нашриёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъин гардид ва имкони чопи китоб дар пойтахти давлати Шӯроҳо даст дод. Устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки барои рӯи чоп омадани китоби мазкур дасти кӯмак дароз кардаанд, ҳанӯз соли 1926 аз пайдо шудани чунин китоби арзишманд изҳори хушнидӣ карда, хизматҳои бебаҳои устод Айниро дар роҳи худшиносию бедории миллати тоҷик чунин баҳо додааст: «Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тарақии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда…» Воқиан ҳам, устод Айнӣ бо ин китоби пурарзиши худ даҳони душманони миллати тоҷикро баст, аммо онҳо ҳамеша пайт меҷустанд, ки бо ҳар роҳе бошад, ин шоҳасар ва муаллифи онро аз байн бубаранд. Бинобар ин роҳи тӯҳмати иғворо пеш гирифтанд. Тӯҳмати нахустинро аз саҳифаи аввали китоб ба «таври худ дарёфтанд». «Намунаи адабиёти тоҷик» аз осори устоди сухан Абулҳасан Рӯдакии Бухороӣ оғоз меёбад ва шеъри машҳури устод Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» дар аввал оварда шудааст, ки чунин мисраҳо дорад: Эй Бухоро, шод бошу шод зӣ! Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме. Мир моҳ асту Бухоро осмон, Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме… Душманони миллату фарҳанги тоҷик ана ҳамин мисраҳоро дастак карда, то Маскав табли бӯҳтон заданд, ки Айнӣ то ҳол дар орзуи омадани амир аст ва ана ин тавр дар китобаш онро рӯи коғаз оварда. Баъди ин даъвоҳо ба осиёи бадтинатон об омад ва ин китоби пурарзиш дучори таъқибот гардида, ба коми оташ андохта шуд. Аммо чун нияти муаллиф пок ва худи китоб саршор аз ҳақиқати таърих буд, он аз ҳама санҷишҳо гузашт ва нақши таърихии худро барои миллату фарҳанги тоҷик ба ҷо овард ва номи муаллифи худро, ки ба қавли устод Бозор Собир «тоҷиконро чун донаҳо дарёфт ӯ» то абад дар саҳфаи таърих сабт кард. Дар урфият мегӯянд, ки шукӯҳу шаҳомат ва бузургии кӯҳро одам дар баробари дур шудан аз назди ӯ мебинад. Воқиан, ҳар қадар аз даргузашти устод Айнӣ солҳо сипарӣ мешаванд, барои мо бузургии ин фарзанди фарзонаи миллатамон возеҳтар мегардад. Аммо солҳои охир баъзе нафароне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд ба ҳар роҳе бошад, эътибори ин инсони шарифро паст зананд. Қисмат чунин буда, ки дар ҳама давру замон бар зидди устод Айнӣ пеш аз ҳама ҳаммиллатони худаш сангар гирифтаанд. Дар он солҳои барои миллати тоҷик хунрези бистуму сиюми қарни гузашта чанд тан аз тоҷикони гумроҳ, раҳгумзадаю бадандеш барои манфиати ифлосу шахсии худ ба осиёби душманони миллати мо об мекашиданд ва мехостанд устод Айниро бо ҳар баҳона ба маҳбас кашанд ва саркӯб кунанд. Аммо ба бахти миллати тоҷик ва бо дастгирии чанд тан аз инсонҳои шариф устод Айнӣ аз ин балоҳо эмин монданд ва барои фарҳангу адабиёти мо хизмати бузург карданд. Зеро Садриддин Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо адабиёти моро барои оламиён муаррифӣ кард, балки исбот намуд, ки тоҷикон мардуми қадимтарини ин қаламраванд ва дар тӯли таърих давлатдорӣ кардаанд ва соҳиби адабиёти ғанӣ ҳастанд. Ҳамзамон бо ин китоб устод Айнӣ ба таъсиси Ҷумҳурии мустақили сотсиалистии Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд. Дирӯз дар маҷлиси рӯнамои чопи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» бо хати сирилик Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар оғози сӯҳбати худ диққати ҳозиринро ба акси устод Айнӣ баъди 75 чӯб задани золимони замонаш, ки дар саҳифаҳои аввали китоб ҷой дода шудааст, ҷалб намуда гуфт, ки агар мо барои миллати худ ҳайкал гузоштан хоҳем, онро бояд дар сурати ҳамин китоби пурарзиш бигузорем. Ҳамчунин Гулрухсор аз теъдоди ками китоб, ки он бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон ҳамагӣ панҷсад нусха ба табъ расидааст, афсӯс хӯрда, афзуд, ки месазад ин китобро бо теъдоди ду-се миллион нашр кунем ва он бояд китоби рӯимизии ҳар як тоҷик бошад. Китоби мазкур бо кӯшиш ва зери назари фарзанди устод Айнӣ шодравон Камолиддин Айнӣ ва Низом Қосим таҳия ва нашр шудааст. Онро аз хати форсӣ Аҳмадҷон Ҳоҷиев баргардонидааст. Дар маҷлисе ки зикраш дар боло рафт, Раиси ИН Меҳмон Бахтӣ, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва дигарон иброз доштанд, ки солҳои охир баъзе қаламкашони мо бо кадом ғаразе ба боғи Айнии бузургвор санг меандозанд ва бе асос аз эҷодиёти ӯ нуктагирӣ мекунанд. Эшон даъво доранд, ки Айнӣ гӯё забонро намедонист, ба лаҳҷа, ғализ менавишт, хатти сирилликро бо айби ӯ ҷорӣ карданд ва ҳоказо. Асосан ин гапҳоро рӯзноманигорони бехабар ва баъзе олимони беҳунар мегуфтанд. Аммо аз даҳони адибони шинохтаи мо шунидани ин даъво, албатта, ҷойи таассуф ва нигаронист. Аҷиб аст, вақте ки бародарони эронию афғон мегӯянд, ки забонро бояд аз осори Айнӣ омӯхт, мо мегӯем, ки на забони ноби дарию тоҷикӣ забони тангкӯчаҳои Теҳрону Кобул аст… Воқиан, «Намунаи адабиёти тоҷик» собит месозад, ки агарчи устод Айнӣ бо тақозои давр ва пеш аз ҳама барои ба хондану навиштан ҷалб кардани мардум дар он солҳо, ки қисми зиёдашон аз ин ҳунар бебаҳра буданд, дар баъзе асарҳояш ба соддабаёнӣ роҳ додааст, аз ҳамаи мо забондонтар будааст. Ҳар касе ин китобро мехонад, мебинад, ки агар Айнӣ мехост то кадом дараҷа забони асарҳояшро бо калимаҳои душворфаҳму арабӣ, ки имрӯз «мунаққидони ӯ» бештар аз он пуштибонӣ мекунанд, обуранг медод. Аммо вай дониста содда менавишту менигорид то барои мардуми оддӣ фаҳмо бошад. Раиси ИН Меҳмон Бахтӣ иброз дошт, ки ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта гурӯҳи онҳо дар Фаронса бо хонум Ҳумо мулоқот доштааст ва ин зани донишманд дар даст китоби «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ гуфтааст, ки чӣ қадар ширин аст забони ин асар. Хулоса, ин даъвоҳои беасоси қаламкашони мо ба рӯи худ туф карданро мемонад ва ба душманони устод Айнӣ, ки то ҳанӯз паяшро мерӯбанд, дастак мешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама нотавонбиниҳо як чиз мусаллам аст: устод Айнӣ бо асарҳои ҷовидонаю шуҷоат ва номуси баланди ватандорӣ ва миллатдӯстияш мехи худро ба девори таърих то абад побарҷо кардааст ва ҳеҷ гуна хурдгирию ҳасудхӯрӣ наметавонад номи поки ӯро доғдор кунад. Зеро ин абармарди илму адабиёт умре барои миллати худ ҷон кандааст ва барои халқи худ беминнат хизмат кардааст.

Октябри соли 2010