• Муаллиф

  • Аз муаллиф

    Салом, дӯстони шиносу ношиноси ман. Зиндагӣ бо дидору сӯҳбатҳояш ширин аст. Ман аз ин дуриҳо гармии нафаси шуморо эҳсос мекунам ва агар бо навиштаҳои худ заррае ба дили шумо гармӣ биёрам, худро хушбахт меҳисобам. Зеро аминам, ки рисолати эҷодкор ва умуман ҳар фарди соҳибдил дар байни инсонҳо ин дили касеро ба зиндагӣ гарм намудан, ба кошонае нур овардан, пайроҳаеро бо нигоҳи худ рушан кардан, пораеро дарбеҳ намудан аст. Барои ман инсони аз ҳама олӣ он нафарест, ки дарди дили дигареро эҳсос мекунад ва то аз дасташ омадан – бо қалам, бо сухан, ҳатто бо нигоҳи гарму пур аз меҳр - барои зудуда шудани он дард заррае ҳисса мегузорад. Нависандаи бузурге дар хусуси эҷодиёт ва рисолати қаламкашӣ андеша ронда, гуфтааст: Мо бояд пеш аз ҳама дилро фаромӯш накунем! Мавлавии бузург низ фармуда, ки пас забони ҳамдилӣ ин дигар аст, ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Боқӣ Худо нигаҳбони мову шумо.
  • Асарҳо

  • Рубрики

  • Назари Шумо

    Shomafruz on Аксҳо
    Хабиб on Толис, қадршиносӣ ва ҷавонони…
    voristj on Духтари зебои наср
    voristj on Адиби андешапарвар
    voristj on Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳода…
  •  

    Декабрь 2011
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    « Сен    
     1234
    567891011
    12131415161718
    19202122232425
    262728293031  
  • Нишона

Ғуруб

 Ғуруб

(ҳикоя)

                 Дар истгоҳи начандон калон мунтазири автобус менишастаму он диранг мекард. Кӯча холӣ буд, рӯз бегоҳ мешуд. Дар харак ду зани аврупоинажод паҳлӯи ҳам нишаста, сӯҳбат доштанд. Ҳарду ҳам пир, либосҳояшон фақирона ва дар дасташон асо буд.

              – Шунидӣ, Роза, – гуфт яке аз онҳо, зани  қадпаст, ки шишаи айнакашро бафурҷа бо рӯймолча тоза мекард. – Дирӯз Олга Сергеевна мурдааст.

  – Чӣ хел? – ҳайрон пурсид Роза.

  – Ҳини аз зинапоя поин шудан дасташ аз панҷараи он хато мехӯраду сарозер афтида,  сараш ба фарши сангин бархӯрдааст… Имрӯз гӯронданд.

  – Хуб шудааст, – гуфт Роза.

  – Аз худо наметарсӣ? – гуфт кампири айнакӣ. – Вай ба ту ягон бадӣ карда буд?

  – Не, баръакс, некиҳояш зиёданд. Ҳангоми ба нафақа баромаданам вай дар идораи таъминоти иҷтимоӣ кор мекард, ба ҳуҷҷаттайёркуниам кӯмак карда буд. Худат медонӣ-ку, нафақабароӣ чӣ қадар давутоз дорад. Аммо вай ҳама ҳуҷҷатҳоямро дар ду рӯз тахт кард.

  – Пас чаро аз марги ӯ шодӣ мекунӣ?

  – Вай худаш ба маргаш розӣ буд. Чунки келинаш рӯзашро сиёҳ карда буд, – на хӯроки серӣ медоду на сару танашро мешуст. Ана акнун ҷонаш ба осонӣ халос хӯрд. Ту медонӣ, ки ҳар рӯз келину писараш ӯро ба назди дарвозаи бозор бурда мемонданд ва вай то бегоҳ рӯи замини нам нишаста, аз одамон садақа металабид. Бегоҳӣ онҳо, келину писараш, омада ӯро ба хона мебурданду аз пулҳои ҷамъкардааш май менӯшиданд.

  – Хабар надоштам…

  – Ту ҳоло аз бисёр чизҳо хабар надорӣ. Гумон мекунӣ, ки ман аз бекорӣ бо ту дар ин ҷо лаққида нишастаам? Не-е! Писарам боз ҳамон оимчаашро овард…  Онҳо дар хона нафси шаҳвониашонро қонеъ мекунанду ман дар ин ҷо вақтро – кӯр. Лекин оимчааш бисёр зебо, мисли лӯхтак. Намедонам аз бачаи бадмасти ман чӣ дидааст, ки мисли кана ба вай мечаспад.

  – Ҷавонҳои ин замонаро фаҳмида намешавад. Барояшон ягон чизи муқаддас намондааст. Танҳо хӯрдану хобиданро медонанду халос. Ишқро ҳам хор карданд. Танҳо барои як лаҳза зиндагӣ мекунанд. Аммо мо то никоҳ кардан бо ягон мард даст ба даст нашуда будем.

  – Пир шудем, – гуфт ба ҳасрат Роза. – Соли аввали ба ин ҷо омаданамонро ёд дорӣ? Ҷавон будем он вақт, нав ҷанг ба охир расида, нафаси тоза мекашидем. Дилҳоямон пур аз орзу буд, гумонамон зиндагӣ ҳаргиз поён намеёбад. Чӣ қадар ҷавонҳои таҳҷоӣ аз қафоямон медавиданд. Аммо… имрӯз ё пагоҳ офтоби умри ману ту низ ғуруб мекунад.

  – Чӣ илоҷ! – гуфт кампири айнакӣ оҳ кашида. Ин садои ҳазини ӯ гӯё  бо худ як ҷаҳон ғаму ҳасратро берун овард. – Умр бевафо аст. Он ҷавонҳо низ мисли мо пир шуданд, дигар аз қафои духтарҳо намедаванд, мисли мо ба зӯр асояшонро мекашанд… Медонӣ чӣ, Роза, ман вақтҳои охир тез-тез айёми кӯдакиамро хоб мебинам: падару модарам, додару хоҳараконам медароянд ба хобам. Ва чун бедор мешавам, мисли одами ташна дар биёбон, ки ҷониби чашма медавад, мехоҳам ба ватанам баргардам… дар ҳамон ҷо хок шавам.

  – Аслан ту куҷоӣ будӣ?

  – Зодгоҳи ман як деҳаи зебоманзарест дар ҷангалзори  кишвари Олтой. Зарече ном дорад он.

  – Ягон хешу табор дорӣ он ҷо?

  – Не. Як додар доштам, бист сол пеш фавтид. Фарзандонаш ҳастанд, аммо онҳо аллакай бегона шудаанд. Бадабахтии мо, русҳост, ки як пушт он тараф риштаи хешу табориамонро меканем. Аммо мардуми таҳҷоиро бин – ҳафт пушташонро пос медоранд.

  – Дуруст, – тасдиқ кард Роза. – Аммо агар ту дар он ҷо ягон хеш надошта бошӣ, ба дари кӣ меравӣ?

  – Ба хонаи пирон… ягон интернат будагист охир!

  – Худо медонад. Дар замони шӯравӣ ба қадри пирон мерасиданд. Ҳоло агар пул надошта бошӣ, ба саломи худоият низ касе алейк намегирад.

  – Намедонам, – оҳ кашид кампири айнакӣ. – Лекин мехоҳам қабрам дар анбӯҳи тӯсзор бошад. Қабристони деҳаамонро то ҳол аз ёд набаровардаам. Ҳар сол айёми иди пис ҳамроҳи модарам мерафтем онҷо.

  – Ман, рости гап, зодгоҳамро ёд надорам, – гуфт Роза. – Дар хурдсолиам, баъди фавтидани  падару модарам, одамони савобҷӯй маро ба сағирахона супоридаанд.

  – Ба ту осон, ягон ҷойи дилкашолӣ надорӣ.

  – Умуман пас аз мурдан чӣ фарқ дорад, ки колбади маро дар куҷо таги хок мекунанд.

  – Чунки ту аз зодгоҳат ягон хотира надорӣ, онро пеши назар оварда наметавонӣ. Аз як тараф ин нағз, азоби рӯҳӣ намекашӣ. Аммо ман…

  – Ту ҳам беҳуда худатро азоб надеҳ, ба ҳамин хоку об дил банд, дӯст дор онро. Охир аз нисф зиёди умрат дар ҳамин ҷо гузашт.

  – Наметавонам. Гуфтам-ку, то ҳол хобҳои кӯдакона мебинам.

  – Худатро бо Олга Сергеевна қиёс бикун. Дигар ба ӯ чӣ фарқ дорад, ки дар кадом сарзамин хок мешавад?

  – Надонистам… Воқиан, ту аз куҷо медонӣ, ки Олга Сергеевна ба маргаш розӣ буд? Оё вай ба ту ягон гап гуфта буд?

  – Не, ҳеҷ чиз нагуфтааст. Аммо аз ҳасраташ рамуз мегирифтам. Азоби вай низ мисли ман зӯр буд.

  Ҳарду чанд лаҳза хомӯш ба офтобе  ки ғуруб мекард, дида дӯхта нишастанд.

  – Роза, ту мурдан мехоҳӣ? – пурсид ногаҳон кампири айнакӣ.

  – Мурдан? – лаҳзае андешаманд бо назари суол аз ҳамроҳаш чашм наканд Роза. -  Биё, беҳтараш ба мағоза равем. Мегӯянд, ки нисфирӯзӣ қаймоқи тоза оварданд.

  Онҳо ҳарду ҳаросон кӯчаи сермошинро ҳаросон убур карда, ҷониби мағозаи шафат роҳ пеш гирифтанд.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.